Забур 79 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ҲАФТОДУ НӮҲУМ Дуо дар бораи баргардонидан ва наҷот додани қавми баргузида. 1 Барои сардори муғанниён бар сози шушаним‐эдут. Таронаи Ософ. 2 Эй чӯпони Исроил, гӯш андоз! Эй, ки Юсуфро мисли гӯсфандон роҳбарӣ намудаӣ, эй, ки бар каррубиён нишастаӣ, таҷаллӣ намо! 3 Пеши Эфроим ва Биньёмин ва Менашше қудрати Худро бедор намо, ва барои наҷоти мо биё. 4 Худоё! Моро баргардон, ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем. 5 Худовандо, Худои лашкарҳо! То ба кай аз дуои қавми Худ қаҳр хоҳӣ кард? 6 Онҳоро нони пур аз ашк мехӯронӣ, ва ашкҳои фаровон менӯшонӣ. 7 Моро гирифтори ҷидоли ҳамсоягони мо гардондаӣ, ва душманон моро байни худ тамасхур мекунанд. 8 Эй Худои лашкарҳо! Моро баргардон, ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем. 9 Токро аз Миср берун овардӣ, халқҳоро бадар рондӣ, ва онро шинондӣ. 10 Барояш ҷой холӣ кардӣ, ва он чуқур реша давонд, ва заминро пур кард. 11 Кӯҳҳо бо сояи он пӯшида шуд, ва шохаҳои он мисли арзҳои Худост. 12 Шохаҳои худро то баҳр паҳн кард, ва навдаҳояшро то дарьё. 13 Чаро ҳисорҳои онро рахна кардаӣ, ба тавре ки ҳар роҳгузар онро меканад, 14 Хуки ёбоӣ онро дандон мезанад, ва ҳайвони саҳро онро мехӯрад? 15 Эй Худои лашкарҳо! Руҷӯъ намуда, аз осмон назар андоз ва бубин, ва аз ҳоли ин ток хабар гир, 16 Ва он чиро, ки ямини Ту шинондааст, тақвият намо, ва он писарро, ки барои Худ баргузидаӣ. 17 Он дар оташ сӯзонда шудааст, шохаҳояш бурида шудаанд; аз итоби рӯи Ту нест хоҳанд шуд. 18 Бигзор дасти Ту бар шахси ямини Ту бошад, бар фарзанди одаме ки барои Худ баргузидаӣ. 19 Ва мо аз Ту қафо нахоҳем гашт; моро зинда гардон, ва мо исми Туро хоҳем хонд. 20 Худовандо, Худои лашкарҳо! Моро баргардон, рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden