Забур 77 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ҲАФТУМ Садоқатмандии Худо дар идора кардани қавми беитоат. 1 Суруди таълимии Ософ. Эй қавми ман, таълими маро бишнавед, гӯши худро сӯи суханони даҳонам хам кунед. 2 Даҳонамро ба масал мекушоям, муаммоҳои замони қадимро баён менамоям. 3 Он чи шунидаем ва донистаем, ва падарони мо ба мо ҳикоят кардаанд, 4 Аз фарзандони онҳо пинҳон нахоҳем дошт: ҳамду санои Худовандро, ва қуввати Ӯро, ва корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба насли оянда ҳикоят хоҳем кард. 5 Шаҳодате дар Яъқуб барпо кард, ва шариате дар Исроил муқаррар намуд, ва ба падарони мо амр фармуд, ки онҳоро ба фарзандони худ маълум кунанд, 6 То ки насли оянда, фарзандоне ки таваллуд хоҳанд шуд, бидонанд, ва бархезанду ба фарзандони худ ҳикоят кунанд; 7 Ва ба Худо таваккал намоянд, ва корҳои Худоро фаромӯш накунанд, ва аҳкоми Ӯро нигоҳ доранд; 8 Ва монанди падарони худ насли саркаш ва исьёнгар нашаванд, насле ки ростдил набуданд, ва рӯҳашон ба Худо садоқат надошт. 9 Банӣ‐Эфроим, ки мусаллаҳ ва камондор буданд, дар рӯзи корзор ақиб гаштанд; 10 Аҳди Худоро нигоҳ надоштанд, ва аз рафтан бо роҳи шариати Ӯ сар кашиданд; 11 Ва корномаҳои Ӯро, ва корҳои аҷоиберо, ки ба онҳо нишон дод, фаромӯш карданд. 12 Дар пеши назари падарони онҳо Ӯ дар замини Миср, дар саҳрои Сӯан корҳои аҷоиб кард. 13 Баҳрро аз ҳам ҷудо кард, ва онҳоро гузаронд, ва обҳоро мисли деворе барқарор намуд. 14 Ва рӯзона онҳоро бо абр бурд, ва тамоми шаб бо нури оташ. 15 Дар биёбон кӯҳпораҳоро шикоф кард, ва онҳоро гӯё аз вартаҳои азим нӯшонид. 16 Ва аз сахра селобҳоро берун овард, ва обҳоро мисли дарьёҳо ҷорӣ кард. 17 Ва боз пеши Ӯ хато карданд, ба Ҳаққи Таоло дар биёбон беитоатӣ нишон доданд. 18 Ва Худоро дар дили худ озмуда, ба муддаои нафси худ хӯрок хостанд. 19 Ва бар зидди Худо сухан ронда, гуфтанд: «Оё Худо дар биёбон суфра ороста метавонад? 20 Инак, кӯҳпораро зад, ва обҳо ҷорӣ шуд, ва ҷӯйборҳо равон шуд. Оё нон ҳам дода метавонад? Оё барои қавми Худ гӯшт муҳайё карда метавонад?» 21 Худованд инро шунида, дар қаҳр шуд, ва оташ бар Яъқуб даргирифт, ва ғазаб бар Исроил аланга зад. 22 Зеро ки ба Худо имон наоварданд, ва ба наҷоти Ӯ таваккал накарданд. 23 Ва афлокро аз боло амр фармуд, ва дарҳои осмонро воз кард, 24 Ва маннро бар онҳо боронид, то бихӯранд, ва нони осмонро ба онҳо ато кард. 25 Одамизод нони малоикро бихӯрд; тӯша барои онҳо фиристод, ки сер шаванд. 26 Боди шарқиро дар осмон вазонид, ва бо қуввати Худ боди ҷанубиро бархезонид. 27 Ва бар онҳо гӯштро мисли ғуборе боронид, ва мурғони болдорро мисли реги баҳр. 28 Ва дар миёни бошишгоҳи онҳо, дар қарибии масканҳошон фурӯ ғалтонид. 29 Ва хӯрданд ва хеле сер шуданд; ва мувофиқи ҳирсашон ба онҳо дод. 30 Аз ҳирсашон даст накашиданд; ҳанӯз хӯрокашон дар даҳонашон буд, 31 Ва ғазаби Худо бар онҳо аланга зад, ва фарбеҳони онҳоро бикушт, ва ҷавонони Исроилро нест кард. 32 Бо вуҷуди ин боз хато карданд, ва ба корҳои аҷоиби Ӯ имон наоварданд. 33 Ва рӯзҳои онҳоро дар оворагардӣ, ва солҳошонро дар тарсу ҳарос нобуд кард. 34 Вақте ки онҳоро мекушт, талабгори Ӯ мешуданд, ва руҷӯъ намуда, Худоро меҷустанд. 35 Ва ба ёд меоварданд, ки Худо кӯҳпораи онҳост, ва Худои Таоло раҳокунандаи онҳост. 36 Ва бо даҳони худ пеши Ӯ тамаллуқ мекарданд, ва бо забони худ ба Ӯ дурӯғ мегуфтанд, 37 Аммо дилашон бо Ӯ рост набуд, ва ба аҳди Ӯ садоқат надоштанд. 38 Валекин Ӯ, ки раҳим аст, гуноҳашонро кафорат намуда, онҳоро нест намекард, балки борҳо қаҳри Худро боздошта, тамоми ғазаби Худро барнаангехтааст. 39 Ва дар хотир дорад, ки онҳо башаранд, боде ҳастанд, ки меравад ва гашта намеояд. 40 Чандин бор дар биёбон Ӯро ба хашм оварданд, дар бодия Ӯро оташин карданд. 41 Ва гашта‐баргашта Худоро озмуданд, ва Куддуси Исроилро хорӣ доданд. 42 Дасти Ӯро дар хотир надоштанд, ва рӯзеро, ки аз тангӣ онҳоро раҳо кард, 43 Яъне дар Миср аломоти Худро, ва дар саҳрои Сӯан мӯъҷизоти Худро нишон дод: 44 Ва дарьёҳои онҳоро, ва селобҳои онҳоро ба хун табдил дод, то ки нӯшида натавонанд. 45 Бар онҳо ҳашаротро фиристод, ки онҳоро газиданд; ғукҳоро низ, ки онҳоро нобуд карданд. 46 Ҳосилоти онҳоро ба кирмак дод, ва меҳнати онҳоро ба малах. 47 Токзори онҳоро бо жола кушт, ва дарахтони ҷумизи онҳоро бо яхча. 48 Чорвои онҳоро ба жола супурд, ва рамаҳои онҳоро ба шӯълаҳои барқ. 49 Бар онҳо оташи хашми Худро равона кард: қаҳр, ва ғазаб, ва мусибатро бо фиристодани малоики мусибат. 50 Роҳе барои ғазаби Худ сохта, ҷони онҳоро аз мамот маҳфуз надошт, балки ҳаёташонро ба вабо супурд. 51 Ва ҳамаи нахустзодагонро дар Миср зарба зад, ибтидои қувватро дар хаймаҳои Ҳом. 52 Ва қавми Худро мисли гӯсфандон бурд; ва онҳоро мисли рамае дар биёбон роҳбарӣ мекард. 53 Ва онҳоро дар осудагӣ ҳидоят менамуд, то. ки ҳаросон нашаванд; ва душманони онҳоро баҳр дар худ ниҳон кард. 54 Ва онҳоро ба ҳудуди муқаддаси Худ овард, ба кӯҳе ки ямини Ӯ пайдо карда буд. 55 Ва халқҳоро аз пеши онҳо бадар ронд, ва заминашонро ба таври мерос қуръа партофт, ва дар хаймаҳошон сибтҳои Исроилро сокин кард. 56 Вале боз Худои Таолоро озмуданду ба хашм оварданд, ва шаҳодоти Ӯро риоя накарданд. 57 Ва ақиб гашта, мисли падарони худ хиёнат карданд, мисли камони ҳилагар чаппа рафтанд. 58 Ва дар теппаҳои худ Ӯро хашмгин карданд, ва бо бутҳои худ рашки Ӯро оварданд. 59 Худо шунида, дар қаҳр шуд, ва аз Исроил хеле нафрат кард. 60 Ва маскани Шилӯро тарк кард, яъне хаймаеро, ки дар миёни одамон дошт. 61 Ва қуввати Худро ба асирӣ дод, ва ҷалолати Худро ба дасти душман. 62 Ва халқи Худро ба шамшер таслим кард, ва аз мероси Худ дар қаҳр шуд. 63 Ҷавонони варо оташ хӯрд, ва ба духтарони вай сурудҳои никоҳ намехонданд. 64 Коҳинони вай дар ҷанг афтоданд, ва бевазанони вай навҳа намекарданд. 65 Ва Худованд, мисли он ки дар хоб бошад, бедор шуд, мисли паҳлавоне ки аз шароб хурӯш мекунад, 66 Ва душманони варо зарба зада, пас гардонд, ба нанги абадӣ онҳоро гирифтор кард. 67 Ва аз хаймаи Юсуф нафрат кард, ва сибти Эфроимро интихоб накард, 68 Балки сибти Яҳудоро баргузид, яъне кӯҳи Сионро, ки дӯст медошт. 69 Ва қудси Худро мисли афрозҳо бино кард, мисли замине ки буньёди онро Ӯ ба сурати абадӣ ниҳодааст. 70 Ва бандаи Худ Довудро баргузид, ва ӯро аз оғилҳои гӯсфандон гирифт; 71 Аз пеши мешҳои ширдеҳ ӯро овард, то ки қавми Ӯ — Яъқубро, ва мероси Ӯ — Исроилро чӯпонӣ кунад. 72 Ва ӯ онҳоро бо дили софи худ чӯпонӣ кард, ва бо маҳорати кафҳои худ ҳидоят намуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden