Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 76 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ШАШУМ Худованд қавми Худро дар айёми андӯҳ тарк намекунад.

1 Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Ософ.

2 Овозам сӯи Худост, ва фарьёд мекашам; овозам сӯи Худост, ва ба ман гӯш хоҳад андохт.

3 Дар рӯзи тангии худ Худовандро талабидам; дастам шабона дароз карда шуд, бе он ки фуроварда шавад; аз ин ҳам ҷонам тасаллӣ наёфт.

4 Худоро ёд мекунам ва оҳи ҷигарсӯз мекашам; фикру хаёл мекунам, ва рӯҳам бемадор мешавад. Село.

5 Чашмонамро бедор медорӣ; музтариб шудаам ва наметавонам сухане гӯям.

6 Дар бораи айёми қадим андеша мекунам, дар бораи солҳои салафут.

7 Сурудҳои шабонаи худро ба ёд меоварам, бо дили худ фикру хаёл мекунам, ва рӯҳам ҷӯёст:

8 Магар Худованд ба сурати абадӣ тарк кардааст, ва дигар таваҷҷӯҳ нахоҳад намуд?

9 Магар эҳсони Ӯ ба сурати абадӣ хотима ёфтааст, ва қавли Ӯ то абадуддаҳр ботил шудааст?

10 Магар Худо омурзишро фаромӯш кардааст? Магар марҳаматҳои Худро дар вақти хашм бас кардааст? Село.

11 Ва гуфтам: «Ин мусибати ман аст, ки ямини Ҳаққи Таоло тағьир ёфтааст».

12 Амалиёти Худовандро зикр хоҳам кард, зеро корҳои аҷоиби Туро, ки аз кадим аст, дар хотир дорам.

13 Ва дар тамоми аъмоли Ту диққат хоҳам намуд, ва дар бораи корномаҳои Ту фикру хаёл хоҳам кард.

14 Худоё! Тариқи Ту дар қудсият аст. Кист Худои бузург мисли Худо?

15 Ту Худое ҳастӣ, ки корҳои аҷоиб мекунӣ; қуввати Худро дар миёни қавмҳо зоҳир сохтаӣ.

16 Қавми Худро бо бозу раҳо кардаӣ; банӣ‐Яъқуб ва банӣ‐Юсуфро. Село.

17 Туро, эй Худо, обҳо дид, Туро обҳо дида, туғьён кард; вартаҳо низ мутазалзил шуд.

18 Абрҳо об рехт, афлок овоз дод; тирҳои Ту низ ба парвоз шуд.

19 Овози раъди Ту дар чархи фалак шунида шуд, барқҳо ҷаҳонро равшан кард; замин биларзиду ба раъша омад.

20 Тариқи Ту дар баҳр аст, ва роҳи Ту дар обҳои азим; ва изҳои Ту номаълум.

21 Қавми Худро мисли гӯсфандон бо дасти Мусо ва Ҳорун бурдӣ.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan