Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 75 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ПАНҶУМ Суруди ҳамду сано дар шаъни доварии одилонаи Худо.

1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Ософ. Суруд.

2 Дар Яҳудо Худо машҳур аст; дар Исроил исми Ӯ бузург аст.

3 Ва дар Салим хаймаи Ӯст, ва дар Сион маскани Ӯ.

4 Дар он ҷо барқҳои камонро шикаст: сипар ва шамшер ва ҷангро. Село.

5 Ту соҳиби ҷалол ҳастӣ, тавонотар аз кӯҳҳои сайдафкан.

6 Шердилон тӯъмаи тороҷ шуданд, хобашон даррабуд, ва тамоми мардуми диловар дасту по гум карданд.

7 Аз итоби Ту, эй Худои Яъқуб, ҳам аробаро, ва ҳам аспро ғанаб бурд.

8 Ту саҳмгин ҳастӣ, ва кист, ки дар вақти ғазабат пеши Ту истода тавонад?

9 Аз осмон хукмномаро шунавондӣ: замин тарсид ва сокит шуд,

10 Ҳангоме ки Худо барои доварӣ бархост, то ки ҳамаи ҳалимони заминро наҷот диҳад. Село.

11 Ба яқин хашми одамизод ба ҳамди Ту табдил хоҳад ёфт; бар боқии хашмҳо Ту камар хоҳӣ баст.

12 Ба Худованд Худои худ назр кунед ва адо намоед; бигзор ҳамаи онҳое ки дар гирди Ӯ ҳастанд, ба Саҳмгин инъом биёранд.

13 Рӯҳи миронро фурӯ хоҳад нишонд; барои подшоҳони замин саҳмгин аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan