Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 74 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ЧОРУМ Дуои шукрона дар шаъни Худованд барои сарафроз гардонидани одилон.

1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Таронаи Ософ. Суруд.

2 Туро ҳамд мегӯем, эй Худо, ҳамд мегӯем; зеро ки исми Ту наздик аст; корҳои аҷоиби Туро ривоят мекунанд.

3 «Вақте ки мӯҳлате муқаррар намоям, Ман аз рӯи ростӣ доварӣ хоҳам кард.

4 Замин ва ҳамаи сокинонаш ба ларза омадаанд; Ман аркони онро барпо кардаам». Село.

5 Ба лофакиён гуфтам: «Лоф назанед», ва ба шарирон: «Шох набардоред,

6 Шохи худро бар афроз набардоред, бо гарданкашӣ суханони мутакаббирона нагӯед».

7 Зеро ки на аз машриқ наҷот меояд, ва на аз мағриб, ва на аз биёбони кӯҳсор,

8 Балки Худо довар аст: якеро сарнагун мекунад, дигареро сарафроз мегардонад.

9 Зеро ки коса дар дасти Худованд аст, шароби пур аз дорувор дар он ҷӯш мезанад; ва Ӯ аз он мерезад, ва дурди онро ҳамаи шарирони замин афшурда менӯшанд.

10 Валекин ман то абад ривоят хоҳам кард, Худои Яъқубро хоҳам сароид.

11 Ва ҳамаи шохҳои шариронро хоҳам шикаст; шохҳои одил барафрошта хоҳад шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan