Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 73 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАФТОДУ СЕЮМ Дуо дар бораи ҳимоят кардан аз дасти шарирони харобкунанда.

1 Суруди таълимии Ософ. Чаро, эй Худо, моро ба сурати абадӣ партофтаӣ? Ва ғазаби Ту бар гӯсфандони чарогоҳат аланга гирифтааст?

2 Ҷамоаи Худро, ки аз қадим харидаӣ ва раҳо кардаӣ, то ки сибти мероси Ту гардад, ба ёд ор; кӯҳи Сионро низ, ки бар он сокин шудаӣ.

3 Пойҳои Худро сӯи харобаҳои абадӣ бардор: ҳар чиро, ки дар қудс буд, душман несту нобуд кардааст.

4 Хасмҳоят дар дохили маъбади Ту наъра мезананд; ливоҳои худро ҳамчун аломот гузоштаанд;

5 Монанди касоне буданд, ки табарҳоро бар шохаҳои ба ҳам печидаи дарахтон баланд мекунанд;

6 Ва ҳоло ҳамаи кандакориҳои онро бо табару тешаҳо шикастаанд;

7 Қудси Туро оташ задаанд; маскани исми Туро то ба замин ҳаром кардаанд;

8 Дар дили худ гуфтаанд: «Онҳоро аз як сар нест мекунем», — ва ҳамаи куништҳои Худоро дар замин сӯзондаанд.

9 Аломоти худро намебинем; дигар набие нест, ва дар миёни мо касе нест, ки бидонад, то ба кай чунин хоҳад буд.

10 То ба кай, эй Худо, аду мазаммат хоҳад кард? Ва душман исми Туро доим таҳқир хоҳад кард?

11 Чаро дасти Худро, ва ямини Худро қафо гардондаӣ? Онро аз бағали Худ бароварда, кори онҳоро тамом кун!

12 Ва Ту, эй Худо, аз қадим подшоҳи ман ҳастӣ; Ту андаруни замин наҷотҳо ба амал меовардӣ.

13 Ту бо қуввати Худ баҳрро пора кардаӣ, сарҳои тимсоҳҳоро дар об шикастаӣ.

14 Ту сарҳои аждарро кӯфтаӣ, онро барои хӯроки биёбоннишинон додаӣ.

15 Ту чашма ва селоб кушодаӣ; Ту дарьёҳои серобро хушконидаӣ.

16 Рӯз аз они Туст, шаб низ аз они Туст; Ту найир ва офтобро барқарор кардаӣ.

17 Ту тамоми ҳудуди заминро муқаррар намудаӣ; тобистон ва зимистонро Ту ба вуҷуд овардаӣ.

18 Инро ба ёд ор, ки душман Худовандро мазаммат менамояд, ва мардуми нокас исми Туро таҳқир мекунанд.

19 Ҷони фохтаи Худро ба дарранда насупор; ҳаёти мискинони Худро ба сурати абадӣ фаромӯш накун.

20 Ба аҳди Худ назар андоз; зеро ки тамоми зулмоти замин аз воҳаҳои зулм пур шудааст.

21 Бигзор мазлум бо хиҷолат барнагардад; мискин ва камбағал исми Туро мадҳ кунанд.

22 Бархез, эй Худо, доди Худро бигир; ба ёд ор, ки нокасе ҳар рӯз Туро мазаммат мекунад.

23 Овози хасмҳои Худро фаромӯш накун, ва ғавғои мухолифони Худро, ки доим баланд мешавад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan