Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 72 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ДУЮМ Осудагии шарирон озмоиш барои порсоён мебошад, лекин Худованд онҳоро тақвият медиҳад.

1 Таронаи Ософ. Ба яқин Худо барои Исроил, барои софдилон некӯст.

2 Валекин ман, кам монда буд, ки пойҳоям билағҷад, кам монда буд, ки қадамҳоям суст шавад,

3 Зеро ки аз лофакиён ҳасад бурдам, вақте ки осудагии шариронро дидам.

4 Зеро ки то мурданашон азоб намекашанд, ва ҷисмашон сиҳат аст.

5 Заҳмати инсониро аз сар намегузаронанд, ва мисли одамон осеб намебинанд.

6 Бинобар ин шаддаи ғурур гарданашонро оро додааст; либоси зулм ҷисмашонро пӯшидааст.

7 Чашмонашон равған баста, аз косахонааш баромадааст; андешаҳои дилашон ошкор мешавад.

8 Тамасхур мекунанд ва бо адоват гап мезананд; бо ҳавобаландӣ суханони ситамкорона мегӯянд.

9 Даҳонашонро ба осмон нигаронидаанд, ва забонашон бар замин мегардад.

10 Бинобар ин қавми Ӯ ба ҳамон тараф рӯ меоварад, ва оби фаровон ба вай нӯшонида мешавад.

11 Ва мегӯянд: «Худо чӣ гуна бидонад? Ва оё Ҳаққи Таоло дорои дониш аст?»

12 Инак, ин шарирон ва бепарвоёни ҷаҳон сарват афзун мекунанд.

13 Пас, беҳуда ман диламро соф кардаам, ва кафҳоямро ба покӣ шустаам,

14 Дар сурате ки ҳар рӯз осеб мебинам, ва ҳар субҳ панд мегирам.

15 Агар мегуфтам, ки «мисли онҳо сухан хоҳам ронд», — дар ҳаққи насли фарзандони Ту хиёнат мекардам.

16 Ва фикру хаёл кардам, то ки инро бифаҳмам; ин дар назарам заҳмат буд,

17 То даме ки ба қудсҳои Худо даромадам; он гоҳ ба фарҷоми онҳо сарфаҳм рафтам.

18 Ба яқин Ту онҳоро дар ҷойҳои лағжонак гузоштаӣ; оқибат онҳоро дар харобиҳо хоҳӣ андохт.

19 Чӣ гуна дар як мижа задан онҳо хонавайрон гардидаанд ва ба ҳалокат расида, аз даҳшатҳо фано шудаанд!

20 Мисли хобе пас аз бедоршавӣ, Ту, эй Худованд, онҳоро бедор карда, шавкаташонро барҳам хоҳӣ дод.

21 Зеро ки дилам ба ҷӯш омада буд, ва ботинам маҷрӯҳ шуда буд,

22 Ва ман ҷоҳил будам ва сарфаҳм намерафтам; мисли чорпое назди Ту будам.

23 Валекин ман доимо бо Ту ҳастам; Ту ямини маро дастгирӣ намудаӣ.

24 Бо машварати Худ маро ҳидоят мекунӣ, ва пас аз он маро ба ҷалол хоҳӣ расонд.

25 Кист барои ман дар осмон? Ва бо Ту дар замин хоҳони чизе нестам.

26 Агарчи ҷисмам ва дилам адо мешавад, Худо кӯҳпораи дили ман аст ва насибаи ман аст то абад.

27 Зеро инак онҳое ки аз Ту дур ҳастанд, нест хоҳанд шуд: ҳар киро, ки аз Ту даст мекашад, дафъ хоҳӣ кард.

28 Валекин барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам, то ки тамоми аъмоли Туро ривоят намоям.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan