Забур 71 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ЯКУМ Суруди пайғамбарона дар бораи сарватҳои салтанати осоишта. 1 Таронаи Сулаймон. Худоё! Инсофи Худро ба подшоҳ деҳ, ва адолати Худро ба писари подшоҳ. 2 Қавми Туро аз рӯи адолат додгарӣ хоҳад кард, ва мискинони Туро аз рӯи инсоф. 3 Кӯҳҳо ба қавм сулҳу осоиштагӣ хоҳанд овард, ва талҳо аз рӯи адолат. 4 Мискинони қавмро доварӣ хоҳад кард, фарзандони камбағалро наҷот хоҳад дод, ва ба истисморгар шикаст хоҳад расонд. 5 Аз Ту хоҳанд тарсид, то даме ки офтоб нурафшон аст, ва то даме ки моҳ тобон аст то абадуддаҳр. 6 Мисли борон бар алафзори даравшуда хоҳад фуромад, мисли қатраҳое ки заминро сероб мекунанд. 7 Дар айёми ӯ одил нумӯ хоҳад кард, ва сулҳу осоиштагӣ фаровон хоҳад буд, то даме ки моҳ фано нашавад. 8 Ва қаламрави ӯ аз баҳр то баҳр хоҳад буд; ва аз дарьё то ақсои замин. 9 Пеши ӯ биёбоннишинон зону хоҳанд зад; ва душманони ӯ хокро хоҳанд лесид. 10 Подшоҳони Таршиш ва ҷазираҳо ҳадия хоҳанд овард; подшоҳони Шабо ва Сабо инъомҳо пешкаш хоҳанд кард. 11 Ва ҳамаи подшоҳон ба ӯ саҷда хоҳанд кард; ҳамаи халқҳо ба ӯ хизмат хоҳанд кард. 12 Зеро мискинеро, ки истиғоса мебарад, ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард. 13 Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард, ва ҷонҳои мискинонро наҷот хоҳад дод. 14 Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард; ва хуни онҳо дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд. 15 Ва ӯ зинда хоҳад буд, ва аз тиллои Шабо ба ӯ хоҳанд дод; ва доимо барои ӯ дуо хоҳанд гуфт, ҳар рӯз ӯро муборак хоҳанд хонд. 16 Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳхо фаровон хоҳад шуд; ҳосили он мисли Лубнон шуввас хоҳад зад, ва мардуми шаҳр мисли алафи замин афзоиш хоҳанд ёфт. 17 Номи ӯ то абад хоҳад монд; то даме ки офтоб нурафшон аст, номи ӯ зикр хоҳад ёфт, ва дар ӯ баракат хоҳанд хост; ҳамаи халқҳо ӯро мадҳ хоҳанд кард. 18 Муборак аст Худованд Худо, Худои Исроил, ки танҳо Худаш корҳои аҷоиб мекунад. 19 Ва исми ҷалоли Ӯ то абад муборак аст, ва тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур хоҳад буд, — омин ва омин! 20 Дуоҳои Довуд ибни Йисой ба охир расид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden