Забур 70 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ҲАФТОДУМ Дуо дар бораи ҳимоят ва дастгирӣ кардан дар пирӣ 1 Ба Ту, эй Худованд, паноҳ бурдаам; ҳаргиз хиҷил нахоҳам шуд. 2 Аз рӯи адолати Худ маро халос кун ва маро раҳоӣ деҳ; гӯши Худро сӯи ман хам намо ва маро наҷот деҳ. 3 Барои ман кӯҳпораи паноҳ бош, то ки ҳамеша биёям; амри Ту буд, ки маро наҷот диҳӣ, зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ. 4 Эй Худои ман! Маро аз дасти шарир раҳоӣ деҳ, ва аз кафи ноинсоф ва золим. 5 Зеро ки Ту умеди ман ҳастӣ, эй Худованд Худо! Аз хурдсолиам пушту паноҳи ман ҳастӣ. 6 Аз батн бар Ту такья кардаам; аз шиками модарам Ту маро берун овардаӣ; ҳамду санои ман доимо дар бораи Туст. 7 Барои бисьёр касон намунаи ибрат будам, чунки Ту паноҳгоҳи пурзӯри ман будӣ. 8 Даҳонам аз ҳамду санои Ту пур аст, ва ҳар рӯз аз васфи ҷалолати Ту. 9 Маро дар замони пирӣ партоб накун; вақте ки қувватам кам шавад, маро тарк накун. 10 Зеро ки душманонам дар бораи ман сухан меронанд, ва каминварони ҷонам бо ҳамдигар маслиҳат мекунанд, 11 Яъне мегӯянд: «Худо ӯро тарк кардааст; ӯро таъқиб намоед ва дастгир кунед, зеро ки халоскунандае нест». 12 Худоё! Аз ман дур набош; эй Худои ман! Ба мадади ман шитоб кун. 13 Бигзор адуёни ҷонам хиҷил гарданд ва нест шаванд, ва бадхоҳонам пероҳани нанг ва расвоӣ дар бар кунанд! 14 Валекин ман доимо умедвор хоҳам буд, ва бар ҳамаи ҳамду санои Ту боз илова хоҳам намуд. 15 Забонам адолати Туро баён хоҳад кард, ва ҳар рӯз наҷоти Туро; зеро ки шумораи онҳоро намедонам. 16 Бо тавсифи қудрати Худованд Худо хоҳам омад; адолати Туро, ки дар Ту ҳасту бас, зикр хоҳам кард. 17 Худоё! Ту маро аз хурдсолиам таълим додаӣ, ва то ҳол корҳои аҷоиби Туро ҳикоят мекунам. 18 Ва маро, эй Худо, то вақти пирӣ ва мӯйсафедӣ низ тарк накун, то даме ки бозуи Туро ба ин насл, ва қудрати Туро ба ҳамаи ояндагон ҳикоят кунам, 19 Ва адолати Туро, эй Худо, ки то ба афроз мерасад, ва корҳои бузургеро, ки Ту кардаӣ; Худоё, кист монанди Ту? 20 Ту бар сари ман бисьёр тангиҳо ва сахтиҳо овардаӣ, лекин боз маро зинда хоҳӣ кард, ва аз вартаҳои замин боз маро берун хоҳӣ овард. 21 Бузургии маро афзун хоҳӣ кард, ва боз маро тасаллӣ хоҳӣ дод. 22 Ман ҳам Туро бо уд ҳамд хоҳам гуфт, яъне ростии Туро, эй Худои ман! Туро, эй Қуддуси Исроил, бо барбат хоҳам сароид! 23 Чун Туро бисароям, лабҳоям шод хоҳад шуд; ҷонам низ, ки Ту онро раҳоӣ додаӣ. 24 Забонам низ ҳар рӯз адолати Туро ҳикоят хоҳад кард, зеро ки бадхоҳонам хиҷил ва расво шудаанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden