Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАФТУМ Худованд шариронро ҷазо медиҳад ва бегуноҳро мераҳонад.

1 Суруди ҷонсӯзе ки Довуд ба Худованд оид ба суханони Куши Биньёминӣ хондааст.

2 Худовандо, Худои ман! Ба Ту паноҳ мебарам; маро аз ҳамаи таъқибкунандагонам наҷот деҳ ва халос кун.

3 Мабодо вай, монанди шер, ҷонамро бидаронад, дар сурате ки халоскунандае набошад.

4 Худовандо, Худои ман! Агар ин корро кардаам, агар аз дастам ноинсофие ба амал омадааст,

5 Агар ба дӯстам бадӣ кардаам ва хасмамро тиҳидаст рондаам, —

6 Бигзор душман ҷонамро таъқиб намояд, ва маро дастгир кунад, ва ҳаётамро ба замин яксон кунад, ва ҷалоламро ба хок занад. Село.

7 Эй Худованд, дар ғазаби Худ бархез: бар зидди бадхашмии хасмҳоям қиём кун, барои ман ба доварие ки амр фармудаӣ, бедор шав.

8 Анбӯҳи қабилаҳо дар гирди Ту ҷамъ хоҳанд омад; бар онҳо ба афроз баргард.

9 Худованд қавмҳоро доварӣ хоҳад кард. Маро, эй Худованд, аз рӯи адолатам ва аз рӯи беайбиам доварӣ намо.

10 Бигзор бадии шарирон хотима ёбад, ва одилро тақвият намо; зеро ки Ту, эй Худои одил, имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастӣ.

11 Сипари ман дар Худост, ки Ӯ наҷотдиҳандаи ростдилон аст.

12 Худо Довари одил аст, ва Худо ҳар рӯз ғазабнок аст.

13 Кас агар руҷӯъ накунад, Ӯ шамшери Худро тез мекунад, камони Худро кашида, ба нишон мегирад;

14 Барои вай олоти мамотро тайёр мекунад, тирҳои Худро сӯзон мегардонад.

15 Инак вай тухми бадиро кошт, ба хабосат ҳомила шуд, ва кизбро зоид.

16 Чуқурие канд, ва онро чуқур кард, ва ба чоҳе ки канд, худаш фурӯ ғалтид.

17 Хабосати вай бар сараш хоҳад баргашт, ва зулми вай бар фарқаш хоҳад афтод.

18 Худовандро аз рӯи адолати Ӯ ҳамд мегӯям, ва исми Худованди Таолоро месароям.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan