Забур 69 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ШАСТУ НӮҲУМ Дуо дар бораи мадад ва халосӣ додан аз душманон. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд барои ёдоварӣ. 2 Худоё! Маро халосӣ деҳ; Худовандо! Ба мадади ман шитоб кун. 3 Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва шарманда шаванд; бадхоҳонам қафо гарданд ва расво шаванд; 4 Онҳое ки «ҳай‐ҳай» мегӯянд, ба сабаби шармандагии худ ақиб гарданд; 5 Ҳамаи толибони Ту дар Ту шодӣ ва хурсандӣ кунанд, ва дӯстдорони наҷоти Ту доимо гӯянд: «Афзун бод кибриёи Худо!» 6 Валекин ман камбағал ва мискин ҳастам. Худоё! Сӯи ман шитоб кун: мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ; Худовандо! Таъхир накун. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden