Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 68 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ШАСТУ ҲАШТУМ Дуо дар бораи халосӣ додан аз андӯҳи азим.

1 Барои сардори муғанниён бар сози шӯшаним. Таронаи Довуд.

2 Маро наҷот деҳ, эй Худо, зеро ки обҳо то ба ҷонам расидааст.

3 Дар ботлоқи чуқуре ғӯтидаам, ва ҷои истодан нест; ба умқҳои об даромадаам, ва ҷараёни об маро кашида мебарад.

4 Аз фиғон лакот гардидаам, гулӯям хушкидааст, чашмонам аз интизорӣ ба Худои ман хаста шудааст.

5 Онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд, аз мӯйҳои сарам зиёд шудаанд. Онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд ва маро нест кардан мехоҳанд, пурзӯр шудаанд: он чи нагирифтаам, бояд баргардонам.

6 Худоё! Ту беақлии маро медонӣ, ва айбҳои ман аз Ту пӯшида нест.

7 Умедворони Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, аз боиси ман хиҷил нахоҳанд шуд. Толибони Ту, эй Худои Исроил, аз боиси ман шарманда нахоҳанд шуд.

8 Зеро ки ба ҳотири Ту бори нангро бардоштаам, ва пардаи расвоӣ рӯи маро пӯшидааст.

9 Барои бародарони худ ғайр ҳисоб шудаам, ва барои писарони модари худ — бегона.

10 Зеро ки рашки хонаи Ту маро хӯрдааст, ва бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар ман афтодааст.

11 Ва рӯза дошта, бо гирья дили худро холӣ кардаам, ва ин сабаби маломатҳо дар ҳаққи ман гардидааст.

12 Ва палосро либоси худ кардаам, ва барои онҳо зарбулмасал шудаам.

13 Дар бораи ман дарвозанишинон гапу калоча мекунанд, ва майнӯшон ашӯла мехонанд.

14 Валекин ман дуоямро пеши Ту, эй Худованд, дар вақти иҷобат мегӯям; Худоё, дар бузургии эҳсони Худ ва ростии наҷоти Худ маро иҷобат намо.

15 Маро аз ботлоқ халос кун, то ки ғӯтида наравам: аз бадхоҳонам ва аз умқи обҳо раҳо шавам;

16 Ҷараёни об маро набарад, ва чуқурӣ маро ба коми худ накашад, ва чоҳ даҳони худро бар ман напӯшад.

17 Маро иҷобат намо, эй Худованд, зеро ки эҳсони Ту некӯст; аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ бар ман таваҷҷӯҳ намо.

18 Ва рӯи Худро аз бандаи Худ пинҳон надор, зеро ки ба танг омадаам; маро ба зудӣ иҷобат намо.

19 Ба ҷонам наздик шуда, онро халос кун; бар хилофи душманонам маро раҳоӣ деҳ.

20 Ту нанги маро, хиҷолати маро ва расвоии маро медонӣ; ҳамаи хасмҳоям пеши назари Туанд.

21 Маломат диламро шикастааст, ва ман хеле ранҷур шудаам; ба дилсӯзе интизорӣ доштам, аммо набуд, ба тасаллидиҳандагон низ, лекин наёфтам.

22 Ва барои хӯрданам заҳра доданд, ва дар ташнагиам маро сирко нӯшонданд.

23 Бигзор суфраи онҳо пеши рӯяшон ба доме, ва зиёфати осоиштаи онҳо ба қапқоне мубаддал гардад;

24 Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд, ва камарҳои онҳоро абадан суст гардон.

25 Хашми Худро бар онҳо бирез, ва ғазаби Ту бигзор онҳоро дарьёбад.

26 Бигзор хонаҳошон хароб гардад, ва касе дар ҳаймаҳошон сокин нашавад.

27 Зеро касеро, ки Ту задаӣ, таъқиб мекунанд, ва дардҳои шаҳидонатро нақл менамоянд.

28 Гуноҳ бар гуноҳашон илова намо, ва бигзор дар адолати Ту дохил нашаванд.

29 Бигзор аз дафтари ҳаёт маҳв гарданд, ва бо одилон навишта нашаванд.

30 Валекин ман мискин ва азияткаш ҳастам; наҷоти Ту, эй Худо, паноҳи ман хоҳад шуд.

31 Исми Худоро бо суруд мадҳ хоҳам кард; ва Ӯро бо шукрона такбир хоҳам гуфт.

32 Ва ин ба Худованд писанд хоҳад омад, бештар аз гов ва гӯсолае ки дорои шохҳо ва сумҳост.

33 Ҳалимон дида, шод хоҳанд шуд. Эй толибони Худо, дилатон зинда хоҳад шуд.

34 Зеро ки Худованд мискинонро мешунавад, ва ба бандиёни Худ беэътиноӣ намекунад.

35 Осмон ва замин, баҳрҳо ва ҳар он чи дар онҳо меҷунбад, Ӯро мадҳ мекунанд.

36 Зеро ки Худо Сионро наҷот хоҳад дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро бино хоҳад кард, ва дар он ҷо сокин хоҳанд шуд, ва онро мерос хоҳанд гирифт.

37 Ва зурьёти бандагонаш вориси он хоҳанд шуд, ва дӯстдорони исми Ӯ дар он сукунат хоҳанд кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan