Забур 67 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ШАСТУ ҲАФТУМ Суруди музаффарона дар шаъни Худованд Худо. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Суруд. 2 Худо хоҳад бархост, душманони Ӯ пароканда хоҳанд шуд, ва бадхоҳони Ӯ аз пеши Ӯ хоҳанд гурехт. 3 Мисли он ки дуд пароканда мешавад, Ту онҳоро пароканда намо; мисли он ки мум аз оташ гудохта мешавад, шарирон аз ҳузури Худо нест хоҳанд шуд. 4 Аммо одилон шодӣ хоҳанд кард, пеши Худо хурсанд хоҳанд шуд, ва аз шодмонӣ ба ваҷд хоҳанд омад. 5 Дар шаъни Худо суруд хонед, исми Ӯро бисароед; барои Ӯ, ки бар осмонҳо савор аст, роҳе тайёр кунед; исми Ӯ Худованд аст, ва пеши Ӯ ба ваҷд оед. 6 Падари ятимон ва довари бевазанон аст Худо дар маскани қудси Худ. 7 Худо оворагонро ба хонаашон бармегардонад, бандиёнро аз завлонаҳо берун меоварад; аммо исьёнгарон дар биёбони тафсон сокин хоҳанд шуд. 8 Худоё! Вақте ки Ту пеши қавми Худ берун омадӣ, вақте ки Ту дар биёбон қадамгузор шудӣ, село, 9 Замин ба ларза афтод, ҳатто осмон аз ҳузури Худо ба боридан даромад; ин Сино низ аз ҳузури Худо, ки Худои Исроил аст. 10 Борони пурфайз борондӣ, эй Худо; мероси Худро, ки лакот буд, пурзӯр гардондӣ. 11 Қавми Ту дар он ҷо сокин шуданд; аз рӯи меҳрубонии Худ, эй Худо, хоҷати камбағалро раво кардӣ. 12 Худованд амр мефармояд; мубашширзанон анбӯҳи азиманд. 13 Подшоҳони лашкаркаш гурезогурез мекунанд; ва зани хонанишин ғаниматро тақсим мекунад. 14 Агарчи байни оғилҳо фароғат доштед, болҳои кабӯтар бо нуқра пӯшида шуд, ва парҳояш бо зари холис. 15 Вақте ки Қодир подшоҳонро дар он пароканда намуд, кӯҳи Салмӯнро барф зер кард. 16 Кӯҳи худоён кӯҳи Бошон аст; кӯҳи сар ба фалак афрошта кӯҳи Бошон аст. 17 Чаро шумо, эй кӯҳҳои сар ба фалак кашида, бо ҳасад менигаред ба кӯҳе ки Худо онро маскани Худ ихтиёр кардааст? Худованд бар он то абад сокин хоҳад буд. 18 Аробаҳои Худо беҳадду ҳисоб аст, ҳазорон ҳазор аст; Худованд дар миёни онҳост, чунон ки дар қудсияти Худ бар Сино буд. 19 Ба афроз сууд намудаӣ, асиронро ба асирӣ бурдаӣ, аз байни одамон бахшишҳо гирифтаӣ, ва аз байни исьёнгарон низ, то ки Ту, эй Худованд Худо, бар он афроз сокин бошӣ. 20 Муборак аст Худованд, ки ҳар рӯз бори моро мебардорад, Худое ки наҷоти мост, село, 21 Худое ки барои мо Худои наҷот аст; ва роҳҳои халосӣ аз мамот дар дасти Худованд Худост. 22 Ба яқин Худо сари душманони Худро хоҳад кӯфт; фарқи сари мӯйдори касеро, ки бо роҳи айбҳои худ як зайл равон бошад. 23 Худованд гуфт: «Аз Бошон хоҳам баргардонд, аз қаъри баҳр хоҳам баргардонд, 24 То ки пои ту дар хун ғӯта занад, ва забони сагони ту аз душманон баҳравар шавад». 25 Намоишҳои Туро, эй Худо, дидаанд, намоишҳои Худои маро, Подшоҳи маро дар қудс. 26 Пешопеш сарояндагон равон, аз ақиби онҳо — навозандагон, дар миёна — духтарони дафнавоз: 27 «Дар ҷамъомадҳо Худоро муборак хонед, Худовандро аз манбаи Исроил!» 28 Он ҷо Биньёмини ҷавон — пешоҳанги онҳо; мирони Яҳудо — анбӯҳи онҳо; мирони Забулун, мирони Нафтолӣ. 29 Худои ту қувватро барои ту амр фармудааст. Он чиро, ки Ту, эй Худо, барои мо ба амал овардаӣ, тақвият намо! 30 Аз қасри Ту, ки дар Ерусалим аст, подшоҳон ба Ту ҳадияҳо хоҳанд овард. 31 Даррандаи наистонро ром кун, галаи говмешонро низ дар миёни гӯсолаҳои қавмҳо, ки аз барои сихҳои нуқра косалесӣ мекунанд; қавмҳои ҷангҷӯро пароканда намо. 32 Олиҷоҳон аз Миср хоҳанд омад; Ҳабаш дастҳои худро сӯи Худо дароз хоҳад кард. 33 Эй мамлакатҳои дуньё! Дар шаъни Худо суруд хонед, Худовандро бисароед, село, 34 Ки Ӯ бар фалакулафлоки азалӣ савор аст. Инак, овози Худро медиҳад, ки овози пурқувват аст. 35 Бузургии Худоро ҳамд гӯед! Ҷалоли Ӯ бар Исроил аст, ва қуввати Ӯ дар афлок. 36 Ту, эй Худо, аз қудсҳои Худ саҳмгин ҳастӣ. Худои Исроил ба қавми Худ қувват ва қудрат мебахшад. Муборак аст Худо! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden