Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 66 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ШАСТУ ШАШУМ Суруд дар бораи ҳамди ҳамаи халқҳо дар шаъни Худованд.

1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Тарона. Суруд.

2 Худо ба мо шафқат хоҳад кард ва моро баракат хоҳад дод; рӯи Худро ба мо мунаввар хоҳад намуд, село,

3 То ки роҳи Ту дар замин шинохта шавад, ва наҷоти Ту дар ҳамаи халқҳо.

4 Туро, эй Худо, қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт; Туро ҳамаи қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт.

5 Қабилаҳо хурсандӣ ва тараннум хоҳанд кард, зеро ки қавмҳоро аз рӯи адолат доварӣ менамоӣ, ва қабилаҳоро дар замин ҳидоят мекунӣ. Село.

6 Туро, эй Худо, қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт; Туро ҳамаи қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт.

7 Замин ҳосили худро дод; Худо, Худои мо, моро баракат хоҳад дод.

8 Худо моро баракат хоҳад дод, ва тамоми ақсои замин аз Ӯ хоҳанд тарсид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan