Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 65 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ШАСТУ ПАНҶУМ Шукрона ва мадҳ дар шаъни Худо барои дуое ки мустаҷоб шудааст.

1 Барои сардори муғанниён. Суруд. Тарона. Эй тамоми аҳли замин, дар шаъни Худо бонги шодӣ занед.

2 Ҷалоли исми Ӯро бисароед; ҳамду санои Ӯро ҷалол диҳед.

3 Ба Худо бигӯед: «Чӣ саҳмгин аст аъмоли Ту! Аз бузургии қуввати Ту душманонат ба Ту бо тамаллуқ мутеъ хоҳанд шуд.

4 Тамоми аҳли замин ба Ту саҷда хоҳанд кард ва Туро хоҳанд сароид; исми Туро хоҳанд сароид». Село.

5 Биёед ва корномаҳои Худоро бубинед; дар амалиёти Худ бар банӣ‐одам саҳмгин аст.

6 Баҳрро ба хушкӣ табдил дод; пои пиёда аз дарьё гузаштанд; он ҷо дар Ӯ хурсандӣ кардем.

7 Бо қудрати Худ бар ҷаҳон ҳукмфармост; чашмони Ӯ ба халқҳо менигарад; исьёнгарон сар нахоҳанд бардошт. Село.

8 Эй қавмҳо, Худои моро муборак хонед, ва овози ҳамду санои Ӯро бишнавонед,

9 Ки Ӯ ҷонҳои моро дар ҳаёт боқӣ гузошт, ва пойҳои моро намонд, ки фурӯ ғалтад.

10 Зеро ки моро, эй Худо, имтиҳон кардӣ; моро гудохтӣ, чунон ки нуқраро мегудозанд.

11 Моро ба дом даровардӣ; бори гароне бар камари мо гузоштӣ.

12 Одамизодро бар сари мо савор кардӣ; ба оташ ва об даромадем, ва моро ба мавзеи пурфайз баровардӣ.

13 Ба хонаи Ту бо қурбониҳои сӯхтанӣ хоҳам омад, назрҳои худро ба Ту адо хоҳам кард,

14 Ки онҳо аз лабҳоям берун омадаанд, ва забонам дар тангии ман онҳоро ифода намудааст.

15 Қурбониҳои сӯхтании бӯрдоқӣ ба Ту хоҳам овард, бо бухури қӯчқорҳо; нарговҳо ва такаҳо барои қурбонӣ муҳайё хоҳам кард. Село.

16 Биёед, бишнавед, эй ҳамаи тарсгорони Худо, то он чиро, ки Ӯ барои ҷонам кардааст, ҳикоят намоям.

17 Бо даҳонам сӯи Ӯ хондам, ва мадхия бар забонам буд.

18 Агар дар дили худ талбисро медидам, Худованд маро намешунид.

19 Аммо Худо шунид, ба овози дуоям диққат дод.

20 Муборак аст Худо, ки дуоямро рад нанамуд ва эҳсони Худро аз ман дур накард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan