Забур 64 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ШАСТУ ЧОРУМ Шукрона барои атоҳои осмон ва замин. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Суруд. 2 Туро, эй Худо, дар Сион ҳамду сано мунтазир аст, ва назрҳо ба Ту адо карда хоҳад шуд. 3 Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад. 4 Гуноҳкориҳо бар ман ғолиб омадааст: ҷиноятҳои маро Ту кафорат хоҳӣ кард. 5 Хушо касе ки Ту ӯро баргузидаӣ ва муқарраби Худ гардондаӣ, то ки ба саҳнҳои Ту сокин шавад. Аз неъматҳои хонаи Ту, аз қудсияти қасри Ту сер хоҳем шуд. 6 Бо корномаҳои саҳмгин аз рӯи адолат моро иҷобат хоҳӣ намуд, эй Худои наҷоти мо, ки Ту паноҳи тамоми ақсои замин ва ҷазираҳои дурдасти баҳр ҳастӣ; 7 Кӯҳҳоро бо қуввати Худ барпо кардаӣ; бо қудрат камар бастаӣ; 8 Талотуми баҳрҳоро — талотуми мавҷҳои онҳоро, ва ошӯби қабилаҳоро сокит мекунӣ. 9 Ва сокинони ақсои замин аз аломоти Ту ҳаросонанд; баромадгоҳҳои субҳ ва шомро шод мегардонӣ. 10 Ба замин назар карда, онро сероб намудаӣ, онро бисьёр сарватдор кардаӣ; ҷӯйбори Худо пур аз об аст; ғаллаи онҳоро муҳайё менамой, зеро ки онро чунин тайёр кардаӣ. 11 Чӯякҳои онро обшор, дӯнгиҳои онро ҳамвор мекунӣ, бо боронҳо онро нарм месозӣ, набототи онро баракат медиҳӣ. 12 Бо файзи Худ солро тоҷ мебахшӣ, ва аз қадамгоҳи Ту равған мечакад; 13 Аз чарогоҳҳо низ равған мечакад, ва талҳо ба шодмонӣ камар мебандад. 14 Марғзорҳо бо рама ва водиҳо бо ғалла пӯшида шудаанд; бонги шодӣ мезананд ва суруд мехонанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden