Забур 63 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ШАСТУ СЕЮМ Дуо дар бораи мадад расонидани Худо бар зидди бӯҳтонгӯён. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. 2 Эй Худо, овозамро бишнав, вақте ки зорӣ мекунам; ҷонамро аз бими душман нигаҳбонӣ намо. 3 Маро аз қасди бадкешон пинҳон бикун, ва аз ҳаёҳуи бадкирдорон, 4 Ки забони худро мисли шамшер тез кардаанд, тирҳои худ — суханони талхро ба зеҳ овардаанд, 5 То ки аз камингоҳи худ ба беайбе биандозанд; баногоҳ ба вай меандозанд ва наметарсанд. 6 Ба бадкории худ қоиманд; барои ниҳодани домҳои ниҳонӣ забон як мекунанд; мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад?» 7 Ноинсофиҳо меандешанд, ва мегӯянд: «Андешаи хубе кардаем»; ва умқи ботину дили ҳар яке пур аз макр аст. 8 Валекин Худо ба онҳо тир хоҳад андохт: баногоҳ зарбаҳо хоҳанд хӯрд. 9 Ва бо забонҳои худ ба худашон шикаст хоҳанд расонд; ҳар кӣ онҳоро бинад, бо нафрат калла хоҳад ҷунбонд. 10 Он гоҳ ҳамаи одамон хоҳанд тарсид, ва корномаи Худоро эълон хоҳанд намуд, ва аъмоли Ӯро фаҳм хоҳанд кард. 11 Одил дар Худованд шодӣ карда, ба Ӯ паноҳ хоҳад бурд, ва ҳамаи ростдилон фахр хоҳанд кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden