Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 62 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ШАСТУ ДУЮМ Иштиёқи муошират бо Худо.

1 Таронаи Довуд, вақте ки ӯ дар биёбони Яҳудо буд.

2 Худоё! Ту Худои ман ҳастӣ, Туро ҳамеша меҷӯям; ҷонам ташнаи Туст, ва ҷисмам пазмони Ту, дар замини хароба ва бемаҷоле ки об надорад.

3 Ҳамин тавр дар қудс бар Ту менигаристам, вақте ки ба дидани қувват ва ҷалоли Ту меомадам.

4 Зеро ки эҳсони Ту аз ҳаёт некӯтар аст; лабҳоям Туро ситоиш хоҳад кард.

5 Ҳамин тавр Туро тамоми умри худ муборак хоҳам хонд; ба исми Ту кафҳои худро боло хоҳам кард.

6 Ҷонам чун аз хӯроки равғанин ва лазиз сер хоҳад шуд, ва даҳонам бо лабҳои шодмон Туро мадҳ хоҳад кард.

7 Вақте ки Туро бар бистари худ ба ёд меоварам, ҳамаи посҳои шаб дар бораи Ту фикру хаёл мекунам,

8 Зеро ки Ту мададгори ман будӣ, ва дар сояи болҳои Ту шодӣ хоҳам кард.

9 Ҷонам ба Ту часпидааст; ямини Ту маро дастгирӣ менамояд.

10 Валекин онҳое ки толиби маҳв кардани ҷони мананд, ба таҳтуттуроб хоҳанд рафт.

11 Онҳоро аз дами шамшер хоҳанд гузаронд; онҳо тӯъмаи шағолон хоҳанд шуд.

12 Ва подшоҳ дар Худо шодӣ хоҳад кард; ҳар кӣ ба Ӯ қасам ёд кунад, фахр хоҳад кард, зеро ки даҳони дурӯғгӯён баста хоҳад шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan