Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 61 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ШАСТУ ЯКУМ Оромӣ танҳо дар Худо мебошад.

1 Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд.

2 Танҳо дар Худо ҷонам ором меёбад; наҷотам аз Ӯст.

3 Танҳо Ӯст кӯҳпораи ман, наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман: сахт фурӯ нахоҳам ғалтид.

4 То ба кай ба марде ҳамла мекунед, то ки ӯро ҳамаатон ба ҳалокат бирасонед, ба монанди девори хамида ва тавораи калавида?

5 Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд; кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд, вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.

6 Танҳо дар Худо ором ёб, эй ҷонам! Зеро ки умедам аз Ӯст.

7 Танҳо Ӯст кӯҳпораи ман, наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман: фурӯ нахоҳам ғалтид.

8 Наҷоти ман ва ҷалоли ман дар Худост; кӯҳпораи қуввати ман ва паноҳгоҳи ман дар Худост.

9 Ҳама вақт ба Ӯ таваккал кунед, эй қавм! Дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунед; Худо паноҳгоҳи мост. Село.

10 Банӣ‐одам чизи бекоранд, фарзандони инсон ба сони кизб: агар ба тарозу гузошта шаванд, ҳамаашон якҷоя аз ҳеҷ ҳам камтаранд.

11 Ба истисмор таваккал накунед, ва бо тороҷ наболед; вақте ки сарват биафзояд, ба он дил набандед.

12 Худо як карат гуфтааст, ва ду карат инро шунидаам, ки қувват дар Худост;

13 Ва эҳсон, эй Худованд, дар Туст, зеро ки Ту ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳӣ дод.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan