Забур 60 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ШАСТУМ Дуои подшоҳи мазлум. 1 Барои сардори муғанниён бар сози торнок. Таронаи Довуд. 2 Тазаррӯи маро, эй Худо, бишнав, дуоямро иҷобат намо. 3 Аз ақсои замин сӯи Ту мехонам, дар сурате ки дилам мадҳуш мешавад: маро ба кӯҳпорае ки аз ман баландтар аст, ҳидоят намо; 4 Зеро ки Ту паноҳгоҳи ман будӣ, ва бурҷи қуввае аз душман. 5 Дар хаймаи Ту то абад сокин хоҳам буд, ва дар зери сояи болҳои Ту паноҳ хоҳам ёфт. Село. 6 Зеро ки Ту, эй Худо, назрҳои маро шунидаӣ, ва мероси тарсгорони исми Худро ато кардаӣ. 7 Рӯзҳо бар рӯзҳои подшоҳ биафзой, ва солҳои ӯро то абадуддаҳр. 8 Ӯ то абад ба ҳузури Худо хоҳад нишаст; эҳсон ва ростиро амр фармо, ки ӯро нигаҳбонӣ кунанд. 9 Ва ман исми Туро то абад хоҳам сароид, чун ҳар рӯз назрҳои худро адо намоям. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden