Забур 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ШАШУМ Дуои гуноҳкоре ки тавба кардааст. 1 Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд. 2 Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун, ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ. 3 Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ман афсурдаҳолам; маро шифо бидеҳ, эй Худованд, зеро ки устухонҳоям ба ларза омадааст; 4 Ҷонам низ хеле ба ларза омадааст; пас Ту, эй Худованд, то ба кай? 5 Баргард, эй Худованд, ҷонамро бираҳон, ба хотири эҳсони Худ маро наҷот деҳ, 6 Зеро ки дар мамот зикри Ту нест: дар гӯристон кӣ Туро ҳамд мегӯяд? 7 Аз оҳу воҳи худ лакот шудаам; тамоми шаб ҷогаҳамро ғарқи об мекунам: бо ашки худ бистарамро тар мекунам. 8 Чашмам аз ғусса хаста шудааст, аз дасти ҳамаи хасмҳоям оҷиз гардидааст. 9 Аз ман дур шавед, эй ҳамаи бадкирдорон! Зеро ки Худованд овози гирьяи маро шунидааст. 10 Худованд истигосаи маро шунидааст; Худованд дуои маро иҷобат хоҳад кард. 11 Бигзор ҳамаи душманонам шармсор ва бисьёр ҳаросон шаванд; дар як он хиҷил шуда, баргарданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden