Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 59 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ НӮҲУМ Дуо дар бораи мадад расонидани Худо дар вақти ҷанги нобарор.

1 Барои сардори муғанниён бар сози шушан‐эдут. Суруди таълимии Довуд,

2 Вақте ки ӯ бо Арам‐Наҳрайн ва бо Арам‐Суба меҷангид, ва Юоб баргашта, дувоздаҳ ҳазор адӯмиёнро дар водии Намак кушт.

3 Худоё! Моро партофтаӣ, моро рахна кунондаӣ, бар мо ғазабнок шудаӣ; сӯи мо баргард.

4 Заминро ба ларзиш овардаӣ, кафондаӣ: шикастапораҳои онро шифо деҳ, зеро ки ба нокомӣ дучор шудааст.

5 Ба сари қавми Худ душвориҳо овардаӣ, моро шароби заҳролуд нӯшондаӣ.

6 Ба тарсгорони Худ байрақ додаӣ, то ки онро барои ростӣ барафрозанд. Село.

7 Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.

8 Худо дар қудси Худ гуфтааст: «Хурсанд хоҳам шуд, Шакемро тақсим хоҳам кард, ва водии Суккӯтро чен хоҳам намуд.

9 Ҷилъод аз они Ман аст ва Менашше аз они Ман; Эфроим хӯди Ман аст, Яҳудо чӯбдасти салтанати Ман;

10 Мӯоб тоси шустушӯи Ман аст; бар Адӯм кафши Худро хоҳам партофт. Барои Ман фарьёд зан, эй замини Фалиштӣ!»

11 Кист, ки маро ба шаҳри ҳисордор дарорад? Кист, ки маро то ба Адӯм ҳидоят намояд?

12 Оё на Ту, эй Худо, моро партофтаӣ, ва бо лашкарҳои мо, эй Худо, берун намеоӣ?

13 Ба мо аз дасти аду ёварӣ намо, зеро ки мадади одамизод ҳеҷ аст.

14 Бо Худо комьёб хоҳем шуд, ва Ӯ адуёни моро хоку туроб хоҳад кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan