Забур 58 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ҲАШТУМ Дуо дар бораи ҳимоят кардани Худо аз дасти таъқибкунандагони бадқасд. 1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд, вақте ки Шоул фиристод, ки хонаро қаровулӣ кунанд, то ӯро бикушанд. 2 Маро аз душманонам халосӣ деҳ, эй Худои ман! Маро аз мухолифонам пуштибонӣ намо. 3 Маро аз бадкирдорон халосӣ деҳ ва аз хунхӯрон наҷот деҳ. 4 Зеро инак, бар ҷонам камин мегиранд; пурзӯрон ба муқобили ман ҷамъ мешаванд, бе он ки ҷинояте ба амал оварда бошам ва бе он ки хатое содир карда бошам, эй Худованд! 5 Бе он ки гуноҳе дошта бошам, мешитобанд ва омода мешаванд; ба ёрии ман бедор шав ва назар андоз. 6 Валекин Ту, эй Худованд, эй Худои лашкарҳо, эй Худои Исроил, бархоста ҳамаи халқҳоро сазо деҳ, ба ҳеҷ як хоини ҷафокор раҳм накун. Село. 7 Шомгоҳ бармегарданд, чун сагон нула мекашанд, ва шаҳрро давр мезананд. 8 Инак, бо даҳони худ мелаққанд; шамшерҳо дар лабҳои онҳост; зеро, ба гумонашон, «кист, ки бишнавад?» 9 Валекин Ту, эй Худованд, бар онҳо хоҳӣ хандид; ҳамаи халқҳоро тамасхур хоҳӣ кард. 10 Бар хилофи куввати онҳо, Туро интизорӣ мекашам, зеро Худо паноҳгоҳи ман аст. 11 Худои эҳсонкори ман ба ёрии ман хоҳад шитофт; Худо нокомии мухолифонамро ба ман нишон хоҳад дод. 12 Онҳоро накуш, ки мабодо қавмам фаромӯш кунанд; онҳоро бо қуввати Худ сарсону саргардон карда, зеру забар намо, эй Худованд, ки сипари мо ҳастӣ. 13 Каломи лабҳошон хатои даҳони онҳост; пас, бигзор дар кибри худашон гирифтор шаванд, ба сабаби лаънат ва дурӯғе ки мегӯянд. 14 Кори онҳоро тамом кун, дар ғазабат тамом кун, то ки нест шаванд; ва бидонанд, ки Худо дар Яъқуб то ақсои замин ҳукмфармост. Село. 15 Ва бигзор шомгоҳ баргашта, чун сагон нула кашанд ва шаҳрро давр зананд; 16 Дар ба дар гашта, хӯроке биҷӯянд, ва сер нашуда, забон ба шиква кушоянд. 17 Валекин ман қуввати Туро хоҳам сароид ва субҳидам эҳсони Туро тараннум хоҳам кард, зеро ки Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, ва гурезгоҳе дар рӯзи тангии ман. 18 Эй қуввати ман! Туро хоҳам сароид, зеро ки Худо паноҳгоҳи ман аст, Худое ки ба ман эҳсон мекунад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden