Забур 57 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ҲАФТУМ Худо бар доварони ноинсофи замин доварӣ менамояд. 1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд. 2 Оё шумо, эй доварон, ҳақиқатан аз рӯи инсоф ҳукм мекунед ва банӣ‐одамро аз рӯи ростӣ доварӣ менамоед? 3 Ба яқин шумо дар дили худ ноинсофиҳо ба амал меоваред, зулми дастҳои худро дар замин бар тарозу мемонед. 4 Шарирон аз аввали таваллуди худ каҷ мераванд; аз шиками модар козибон гумроҳ мешаванд. 5 Заҳри онҳо мисли заҳри мор аст, мисли мори айнакдори кар, ки гӯшашро мепӯшад, 6 Ва овози афсунгаронро намешунавад, агарчи дар афсун бағоят моҳиранд. 7 Худоё! Дандонҳои онҳоро дар даҳонашон бишкан; дандонҳои пеши шеронро пора‐пора намо, эй Худованд! 8 Бигзор онҳо мисли обе ки ҷорист, нест шаванд; вақте ки тирҳои худро омода мекунанд, мисли гард парешон шаванд; 9 Мисли тӯқумшуллуке ки аз назар ғоиб мешавад, нест шаванд; мисли афгонаи зан рӯи офтобро набинанд; 10 Пеш аз он ки дегҳои шумо оташи хорҳоро ҳис кунад, ҳам гӯшти нопухта ва ҳам оташро шамол лесида барад. 11 Одил, чун интиқомро дид, шод хоҳад шуд, пойҳои худро дар хуни шарир хоҳад шуст. 12 Ва одамизод хоҳад гуфт: «Ба яқин самаре барои одил ҳаст! Ба яқин Худое ҳаст, ки бар замин доварӣ мекунад!» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden