Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 56 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ПАНҶОХУ ШАШУМ Ҳамду сано дар шаъни Худо барои наҷот додан аз душманон.

1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд, вақте ки ӯ аз пеши Шоул ба мағора гурехт.

2 Ба ман марҳамат намо, эй Худо, ба ман марҳамат намо! Зеро ки ҷонам ба Ту паноҳ мебарад, ва дар сояи болҳои Ту паноҳ мебарам, то даме ки фалокатҳо бигзарад.

3 Сӯи Худои Таоло мехонам, сӯи Худое ки ҳама чизро барои ман муҳайё мекунад:

4 Аз осмон фиристода, маро наҷот хоҳад дод; поймолкунандаи маро шарманда хоҳад кард. Село. Худо эҳсон ва ростии Худро хоҳад фиристод.

5 Ҷонам дар миёни шерон аст; дар миёни одамхӯроне сокинам, ки дандонҳошон найза ва тирҳост, ва забонашон шамшери буррост.

6 Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ва ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!

7 Доме барои пойҳоям тайёр кардаанд; ҷонам афсурда шудааст; чоҳе барои ман канданд, аммо худашон дар он афтоданд. Село.

8 Дилам қавист, эй Худо, дилам қавист; суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид.

9 Эй ҷалолам, бедор шав! Эй уд ва барбат, бедор шав! Ман субҳидамро бедор хоҳам кард.

10 Туро, эй Худованд, дар миёни қавмҳо ҳамд хоҳам гуфт; Туро дар миёни қабилаҳо хоҳам сароид.

11 Зеро ки эҳсони Ту бузург аст то осмонҳо, ва ростии Ту то афлок.

12 Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan