Забур 55 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ПАНҶУМ Таваккал кардан ба Худо дар вақти таъқиботи душманон. 1 Барои сардори муғанниён. Оид ба кабӯтари сокит дар мавзеи дур. Суруди Довуд, вақте ки фалиштиён ӯро дар Ҷот дастгир карданд. 2 Ба ман марҳамат намо, эй Худо! Зеро ки одамизод мехоҳад маро поймол кунад; ҳар рӯз ҷангҷӯ маро фишор медиҳад. 3 Мухолифонам ҳар рӯз мехоҳанд маро поймол кунанд; зеро ки бисьёр касон бо ман меҷанганд, эй Ҳаққи Таоло! 4 Рӯзе ки ба ҳарос меафтам, ба Ту таваккал хоҳам кард. 5 Дар Худо каломи Ӯро мадҳ хоҳам кард; ба Худо таваккал кардаам, наметарсам; одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад? 6 Ҳар рӯз суханонамро таҳриф мекунанд; ҳамаи андешаҳошон нисбат ба ман барои бадист. 7 Ҷамъ шуда, камин мегиранд, қадамҳоямро мепоянд, чунки қасди ҷонам доранд. 8 Наход ки онҳо аз мукофоти ҷафои худ мегурехта бошанд? Қавмҳоро дар ғазаби Худ вожгун бикун, эй Худо! 9 Оворагардии маро Ту ба ҳисоб гирифтаӣ; ашкҳоямро дар машки Худ биандоз, — оё ин дар дафтари Ту нест? 10 Он гоҳ, рӯзе ки Туро бихонам, душманонам ақиб хоҳанд гашт; инро медонам, зеро ки Худо бо ман аст. 11 Дар Худо каломро мадҳ хоҳам кард, дар Худованд каломро мадҳ хоҳам кард. 12 Ба Худо таваккал кардаам, наметарсам; одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад? 13 Назрҳои Ту, эй Худо, бар ман аст; қурбониҳои шукронаро пеши Ту хоҳам овард, 14 Зеро ки ҷонамро аз мамот халосӣ додаӣ; оё пойҳоямро аз лағҷидан нигоҳ нахохӣ дошт, то ки дар нури ҳаёт пеши Худованд роҳ равам? |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden