Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 54 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ЧОРУМ Дуо дар бораи наҷот додан аз хоинон.

1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Суруди таълимии Довуд.

2 Ба дуоям, эй Худо, гӯш андоз, ва аз истиғосаи ман пинҳон нашав;

3 Ба ман диққат намо, ва маро иҷобат бикун; дар изҳори дарди дили худ менолам, ва оҳи ҷигарсӯз мекашам

4 Аз овози душман, аз зулми шарир; зеро ки дар ҳаққи ман ҷафо мекунанд, ва бо ғазаб ба ман адоват доранд.

5 Дилам андаруни ман сахт метапад, ва бимҳои мамот бар ман афтодааст.

6 Тарсу ларз бар ман ғолиб омадааст, ва даҳшат маро фаро гирифтааст.

7 Ва ман гуфтам: «Кошки ман мисли кабӯтар болу пар медоштам: парвоз карда, фароғат меёфтам;

8 Ба ҷойҳои дур парида мерафтам, дар биёбон маскан мегирифтам. Село.

9 Мешитофтам, то ки аз тундбод ва аз шамоли тӯфон паноҳ шавам».

10 Забонҳои онҳоро, эй Худованд, саргум ва аз ҳам ҷудо намо, зеро ки дар шаҳр зулм ва ҷангу ҷидол дидаам:

11 Рӯзу шаб бар ҳисорҳои он мегарданд; ҷафо ва хабосат андаруни он;

12 Фалокатҳо андаруни он; макру фиреб аз кӯчаҳои он дур намешавад.

13 Зеро ки на душман маро мазаммат мекунад, — ман ба ин тоқат меовардам; на бадхоҳам бар ман такаббур менамояд, — ман аз вай пинҳон мешудам;

14 Балки ту, эй марди ҳамвазни ман, эй ҳамдам ва ҳамроҳи ман,

15 Ки ба ҳамдигар рози дил мегуфтем, ва дар хонаи Худо бо ҳаяҷон мехиромидем.

16 Марги муфоҷот бар онҳо биёр: бигзор зинда ба зинда ба дӯзах раванд, зеро ки бадиҳо дар маскани онҳост, андаруни онҳост.

17 Ман сӯи Худо мехонам, ва Худованд маро наҷот хоҳад дод.

18 Шомгоҳ ва субҳ ва нимирӯзӣ шиква ва нолиш менамоям, ва Ӯ овози маро хоҳад шунид;

19 Ҷонамро аз ҷангу ҷидоли зидди ман ба саломатӣ раҳо кард, зеро ки бисьёр касон ба ман муқобил буданд.

20 Худо маро хоҳад шунид, ва Ӯ, ки аз азал бар курсии доварӣ нишастааст, онҳоро фурӯ хоҳад нишонд. Село. Чунки дигаргуниҳо ба сари онҳо наомадааст, ва онҳо аз Худо наметарсанд.

21 Вай дасти худро бар зидди дӯстони худ дароз кардааст, аҳди худро шикастааст;

22 Забонаш хушомад мезанад, вале дилаш пур аз кина аст; суханонаш аз равған нармтар аст, валекин шамшерҳои бараҳна аст.

23 Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад.

24 Ва Ту, эй Худо, онҳоро дар чоҳи ҳалокат хоҳӣ андохт; хунхӯрон ва маккорон ба нисфи умри худ нахоҳанд расид. Валекин ман ба Ту таваккал хоҳам кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan