Забур 53 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ СЕЮМ Дуо дар бораи наҷот додан аз душманон. 1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Суруди таълимии Довуд, 2 Вақте ки зифиён назди Шоул омада, гуфтанд: «Оё Довуд назди мо пинҳон нашудааст?» 3 Худоё! Ба исми Худ маро наҷот деҳ, ва ба қудрати Худ маро дар доварӣ ҳимоят намо. 4 Худоё! Дуоямро бишнав; ба гуфтори забонам гӯш андоз, 5 Зеро ки бегонаҳо бар ман қиём кардаанд, ва ситамгарон қасди ҷонам доранд; Худоро пеши назари худ намеоваранд. Село. 6 Инак, Худо мададгори ман аст; Худованд ҷонамро тақвият медиҳад. 7 Бадиро бар мухолифонам хоҳад баргардонид; бо ростии Худ онҳоро маҳв намо. 8 Аз самими қалб ба Ту қурбониҳо меоварам; исми Туро, эй Худованд, ҳамд мегӯям, чунки некӯст; 9 Зеро ки аз ҳамаи тангиҳо Ту маро раҳо кардаӣ, ва чашми ман шикасти душманонамро дидааст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden