Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 52 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ДУЮМ Нокасии шарирони бехудо. Ваъдаи халосӣ ба баргузидагон.

1 Барои сардори муғанниён бар сози нафасӣ. Суруди таълимии Довуд.

2 Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест». Онҳо фосид шудаанд ва корҳои зишт кардаанд; некӯкоре нест.

3 Худо аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт, то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст?

4 Ҳама ақиб гаштаанд, бо ҳамдигар фосиқ шудаанд; некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.

5 Оё бадкирдорон фаҳм намекунанд, ки қавми Маро мехӯранд, чунон ки нон мехӯранд? Худоро нахондаанд.

6 Он вақт сахт ҳаросон шуданд, дар сурате ки ҷои ҳарос набуд; зеро ки Худо устухонҳои муҳосиракунандаи туро парешон кард. Онҳоро хиҷил кардаӣ, чунки Худо онҳоро рад кард.

7 Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд! Вақте ки Худо асирони қавми Худро баргардонад, Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan