Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 51 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ЯКУМ Мазаммати ғурури шарирон.

1 Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии Довуд,

2 Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.

3 Чаро ба бадӣ фахр мекунӣ, эй зӯровар? Эҳсони Худо ҳамеша бо мост.

4 Забонат суханони фитнаангез мебофад; он мисли покуи тез аст, эй маккор!

5 Бадиро аз некӣ бештар дӯст медорӣ, ва дурӯғро аз ҳақгӯӣ бештар. Село.

6 Ҳар гуна суханони фосидонаро дӯст медорӣ, эй забони ҳилагар!

7 Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.

8 Ва одилон инро дида, ҳаросон хоҳанд шуд, ва ба ҳоли вай хоҳанд хандид:

9 «Ин аст марде ки Худоро истеҳкоми худ надонист, балки ба фаровонии сарвати худ таваккал кард ва дар ҳирси худ қоим буд».

10 Валекин ман мисли зайтуни сабзу хуррам дар хонаи Худо ҳастам, ва ба эҳсони Худо таваккал менамоям то абад.

11 Туро ҳамеша ҳамд хоҳам гуфт, зеро ки инро Ту ба амал овардаӣ; ва ба исми Ту умед хоҳам баст, зеро ки он ба ҳузури порсоёни Ту некӯст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan