Забур 50 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ПАНҶОҲУМ Дуои гуноҳкоре ки тавба мекунад. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд, 2 Вақте ки пеши ӯ, баъд аз даромаданаш назди Батшобаъ, Нотони набӣ омад. 3 Ба ман, эй Худо, аз рӯи лутфи Худ марҳамат намо, ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун. 4 Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо, ва аз хатоям маро пок кун, 5 Зеро ки ман ба ҷиноятҳои худ иқрор ҳастам, ва хатоям доим пеши назари ман аст. 6 Ба Ту ва танҳо ба Ту хато кардаам, ва пеши назари Ту бадӣ кардаам, бинобар ин Ту дар ҳукми Худ барҳақ ҳастӣ ва дар доварии Худ пок. 7 Инак, ман дар гуноҳ офарида шудаам, ва модарам дар хато ба ман ҳомила гардидааст. 8 Инак, Ту ростиро дар замирам хоҳон ҳастӣ, ва дар ботинам ҳикматро ба ман меомӯзӣ. 9 Маро бо зуфо татҳир намо, ва ман пок хоҳам шуд; маро шустушӯй кун, ва ман аз барф сафедтар хоҳам шуд. 10 Маро аз шодӣ ва хурсандӣ баҳраманд гардон, то устухонҳое ки Ту шикастаӣ, хушнӯд шавад. 11 Рӯи Худро аз хатоям бипӯшон, ва ҳамаи гуноҳҳои маро маҳв кун. 12 Худоё, дили поке дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун. 13 Маро аз пеши Худ дур наандоз, ва Руҳулқудси Худро аз ман нагир. 14 Шодии наҷоти Худро ба ман баргардон, ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо. 15 Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард. 16 Маро аз хунҳо бираҳон, эй Худо, ки Худои наҷоти ман ҳастӣ, то забонам адолати Туро тараннум намояд. 17 Худовандо! Лабҳои маро бикшо, ва забонам ҳамду санои Туро хоҳад гуфт; 18 Зеро ки Ту қурбониро намехоҳӣ, вагар на меовардам; ба қурбонии сӯхтанӣ таваҷҷӯҳ намекунӣ. 19 Қурбониҳои дилхоҳи Худо рӯҳи шикаста аст; дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид. 20 Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ ба Сион некӣ бикун; ҳисорҳои Ерусалимро барпо намо. 21 Он гоҳ қурбониҳои адолат ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба Ту писанд хоҳад афтод; он гоҳ бар қурбонгоҳи Ту гӯсолаҳоро хоҳанд овард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden