Забур 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ПАНҶУМ Дуои субҳи Довуд, ки пур аз умедворӣ ба мадади Худо мебошад. 1 Барои сардори муғанниён бар созҳои нафасӣ. Таронаи Довуд. 2 Ба суханонам, эй Худованд, гӯш андоз, андешаҳоямро бифаҳм. 3 Овози истиғосаамро бишнав, эй Подшоҳи ман ва Худои ман! Зеро ки ба Ту дуо мегӯям. 4 Худовандо! Саҳаргоҳон овозамро бишнав, — саҳаргоҳон пеши Ту ҳозир мешавам, ва интизорӣ мекашам, 5 Зеро ки Ту Худои шароратхоҳ нестӣ: назди Ту бадкеш сокин нахоҳад шуд; 6 Лофакиён пеши назари Ту нахоҳанд истод: аз ҳамаи бадкирдорон нафрат дорӣ. 7 Дурӯғгӯёнро нобуд хоҳӣ кард; Худованд аз хунхӯр ва маккор кароҳат дорад. 8 Валекин ман, аз бисьёрии эҳсони Ту, ба хонаи Ту дохил хоҳам шуд, ва бо тарси Ту ба қасри қудси Ту саҷда хоҳам кард. 9 Худовандо! Ба ман, бар хилофи иродаи мухолифонам, дар адолати худ роҳнамо шав; роҳи Худро пеши ман ҳамвор кун. 10 Зеро ки дар даҳони онҳо гапи дуруст нест: ботинашон харобист, гулӯяшон қабри кушода аст, бо забонашон тамаллуқ мегӯянд. 11 Онҳоро, эй Худованд, маҳкум намо, то ки аз қасдҳои бади худ фурӯ ғалтанд; ба сабаби ҷиноятҳои бисьёрашон онҳоро рад намо, зеро ки бар зидди Ту ба шӯр омадаанд. 12 Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард, ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд, ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд. 13 Зеро ки Ту, эй Худованд, одилро баракат медиҳӣ; бо зиреҳи меҳрубонӣ ӯро фаро мегирӣ. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden