Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 49 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ЧИЛУ НӮҲУМ Шукрона, мадҳ ва иҷрои аҳком қурбонии ҳақиқӣ барои Худо мебошад.

1 Таронаи Ософ. Худои худоён, Худованд сухан меронад, ва заминро аз тулӯи офтоб то ғуруби он мехонад.

2 Аз Сион, ки камоли зебоист, Худо таҷаллӣ менамояд.

3 Худои мо меояд, ва хомӯш нахоҳад буд: пеши Ӯ оташи сӯзон муҳайёст, ва гирдогирди Ӯ тӯфони дамон.

4 Аз боло осмон ва заминро мехонад, то ки қавми Худро доварӣ намояд:

5 «Порсоёни Маро назди Ман ҷамъ оваред, ки бо Ман ба қурбонӣ аҳд бастаанд».

6 Ва осмон адолати Ӯро баён хоҳад кард, зеро ки Худо Довар аст. Село.

7 Бишнав, эй қавми Ман, то сухан ронам, ва эй Исроил, то ба ту шаҳодат диҳам: Ман, Худо, Худои ту ҳастам.

8 На аз барои қурбониҳоят туро мазаммат хоҳам кард; қурбониҳои сӯхтании ту доимо пеши назари Ман аст.

9 На гӯсолае аз хонаи ту хоҳам гирифт, на такае аз оғили ту,

10 Зеро ки тамоми ҳайвоноти ҷангал аз они Ман аст, ва чорпоёне ки бар ҳазорҳо кӯҳҳо ҳастанд;

11 Ҳамаи мурғони кӯҳсорро мешиносам, ва ҷонварони саҳро дар дасти Ман аст.

12 Агар гурусна мемондам, ба ту намегуфтам, зеро ки дуньё ва ҳар чи дар он аст, аз они Ман аст.

13 Оё гӯшти говмешонро мехӯрам, ва хуни такаҳоро менӯшам?

14 Ба Худо қурбонии шукронаро забҳ намо, ва ба Ҳаққи Таоло назрҳои худро адо бикун.

15 Ва дар рӯзи тангӣ Маро бихон; туро халосӣ хоҳам дод, ва ту Маро мадҳ хоҳӣ кард.

16 Вале ба шарир Худо мегӯяд: «Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки фароизи Маро ривоят намоӣ, ва аҳди Маро ба забони худ оварӣ,

17 Дар сурате ки худат аз хулқу одоб нафрат дорӣ, ва суханони Маро пушти по мезанӣ?

18 Чун дуздро дидӣ, ҳамроҳи вай медавӣ, ва бо зинокорон шарик мешавӣ;

19 Даҳони худро барои бадгӯӣ мекушоӣ, ва забонат макр мебофад;

20 Нишаста, дар ҳаққи бародари худ сухан меронӣ, ба писари модари худ бӯҳтон мезанӣ.

21 Чунин рафтор кардӣ, ва Ман хомӯш мондам; гумон кардӣ, ки Ман мисли ту ҳастам. Бинобар ин туро мазаммат хоҳам кард, ва доварии туро пеши назари ту ба амал хоҳам овард.

22 Инро, эй фаромӯшкунандагони Худо, фаҳм кунед: мабодо шуморо бидарам, ва раҳокунандае набошад.

23 Ҳар кӣ шукронаро қурбонӣ намояд, вай Маро мадҳ мекунад, ва ҳар кӣ роҳи дурустро пеш гирад, ба вай наҷоти Худоро нишон хоҳам дод».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan