Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 48 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ЧИЛУ ҲАШТУМ Сарват, қувват ва ҷалоли одамон бо мурданашон тамом мешавад.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.

2 Инро бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо! Гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони дуньё!

3 Ҳам одамони оддӣ ва ҳам шахсони наҷиб; сарватдор ва мискин якҷоя.

4 Забонам ҳикматро баён мекунад, ва андешаҳои дилам аз ғояҳо иборат аст.

5 Гӯши худро ба масале медорам; муаммои худро бо барбат мекушоям:

6 Чаро дар айёми бадкеш тарсон бошам, вақте ки гуноҳи дунболагирҳоям маро иҳота мекунад?

7 Онҳо ба тавонгарии худ таваккал менамоянд, ва бо фаровонии сарвати худ фахр мекунанд.

8 Касе ҳаргиз барои бародараш фидия намедиҳад; кафораи худро низ ба Худо адо намекунад, —

9 Чунки фидияи ҷонашон гаронбаҳост, ва он ҳаргиз муяссар намешавад, —

10 То ки доим зинда монда, рӯи гӯрро набинад.

11 Зеро мебинад, ки ҳакимон мемиранд, бо якҷоягии ҷоҳилон ва аблаҳон нобуд мешаванд; ва тавонгарии худро ба дигарон боқӣ мегузоранд.

12 Дар хотир мегузаронанд, ки хонаҳошон доимӣ ва масканҳошон то абадуддаҳр аст; заминҳошонро ба номҳои худ мехонанд.

13 Валекин одамизод дар ҷоҳу ҷалолаш намемонад: ӯ мисли ҳайвонҳоест, ки ба ҳалокат мерасанд.

14 Чунин аст роҳи онҳое ки худбоваранд, ва фарҷоми онҳое ки аз лофи худ хурсанданд. Село.

15 Мисли гӯсфандон ба дӯзах бурда мешаванд; мамот онҳоро чӯпонӣ мекунад; ва бомдодон росткорон бар онҳо ҳукмфармо хоҳанд шуд, ва сурати онҳо дар дӯзах, ки маскани онҳост, хоҳад пӯсид.

16 Аммо ҷонамро Худо раҳо хоҳад кард, зеро ки маро аз дасти дӯзах хоҳад гирифт. Село.

17 Натарс, вақте ки шахсе сарватдор шавад, ва ҷалоли хонааш афзун гардад,

18 Зеро ки ҳангоми мурданаш чизе бо худ нахоҳад бурд; ҷалолаш аз ақиби ӯ нахоҳад рафт;

19 Агарчи дар ҳаёташ ӯ баракати худро мехоҳад, ва ба дили худ мегӯяд: «Туро таъриф мекунанд, ки худро қонеъ мегардонӣ», —

20 Лекин сӯи насли падарони худ хоҳад рафт, ки онҳо то абад нурро нахоҳанд дид.

21 Одаме ки соҳиби ҷоҳу ҷалол аст, вале фаҳм надорад, мисли ҳайвонҳоест, ки ба ҳалокат мерасанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan