Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 46 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ЧИЛУ ШАШУМ Худованди мо подшоҳ аст.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.

2 Эй ҳамаи қавмҳо, каф занед! Ба Худо бо овози тараннум бонг занед!

3 Зеро ки Худованди Таоло саҳмгин аст, — подшоҳи бузург аст бар тамоми замин;

4 Қавмҳоро зердасти мо гардонд, ва қабилаҳоро зери пойҳои мо;

5 Мероси моро барои мо баргузид, яъне ифтихори Яъқубро, ки дӯст медорад. Село.

6 Худо бо бонги шодӣ сууд кард, Худованд бо овози шох.

7 Бисароед Худоро, бисароед! Бисароед Подшоҳи моро, бисароед!

8 Зеро ки Худо подшоҳи тамоми замин аст; суруди дилнишине бихонед.

9 Худо бар халқҳо подшоҳ шуд; Худо бар тахти муқаддаси Худ биншаст.

10 Мирони қавмҳо назди қавми Худои Иброҳим ҷамъ омадаанд, зеро ки сипарҳои замин аз они Худост; Ӯ бениҳоят баланд аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan