Забур 45 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ЧИЛУ ПАНҶУМ Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост. 1 Барои сардори муғанниён. Суруди банӣ‐Қӯраҳ бар сози аломӯт. 2 Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад; 3 Бинобар ин нахоҳем тарсид, агарчи замин мубаддал шавад, кӯҳҳо дар қаъри баҳрҳо ба ҷунбиш оянд, 4 Обҳои он хурӯшида, туғьён кунанд, ва кӯҳҳо аз ғалаёни он мутазалзил шаванд. Село. 5 Ҷӯйҳои наҳр шаҳри Худоро хурсанд мекунанд, ки он муқаддастарини масканҳои Ҳаққи Таолост. 6 Худо андаруни он аст, он фурӯ нахоҳад ғалтид: субҳидам Худо ба он мадад хоҳад кард. 7 Халқҳо хурӯш бардоштанд; мамлакатҳо фурӯ ғалтиданд: Ӯ овози Худро дод, ва замин ба ларза афтод. 8 Худованди лашкарҳо бо мост, Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. Село. 9 Биёед, ба корномаҳои Худованд назар андозед, ки харобиҳо бар замин овардааст: 10 Ба ҷангҳо то ақсои замин хотима дода, камонро шикастааст ва найзаро пора кардааст, аробаҳоро ба оташ сӯзондааст. 11 «Бозистед ва бидонед, ки Ман Худо ҳастам: дар миёни халқҳо барафрохта хоҳам шуд, бар замин барафрохта хоҳам шуд». 12 Худованди лашкарҳо бо мост, Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. Село. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden