Забур 44 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ЧИЛУ ЧОРУМ Суруди ҳамду сано дар шаъни Масеҳи Худо ва арӯси Ӯ. 1 Барои сардори муғанниён бар сози шушон. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ. Суруди муҳаббат. 2 Дилам аз ҳиссиёти хубе ба ҷӯш омадааст; ман мегӯям: сурудам ба подшоҳ бахшида шудааст; забонам қалами котиби тезнавис аст. 3 Ту аз банӣ‐одам зеботарин ҳастӣ; латофат бар лабонат хувайдост; бинобар ин Худо Туро муборак хондааст то абад. 4 Шамшери Худро, эй Баҳодур, бар рони Худ бибанд, ки шукӯҳ ва шавкати Туст; 5 Ва дар шавкати Худ савор шуда, дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат комьёб шав, ва яминат чизҳои аҷоибе ба Ту нишон хоҳад дод. 6 Тирҳои Ту тез аст, — қавмҳо зери пои Ту фурӯ меғалтанд: — тирҳоят ба дили душманони Подшоҳ хоҳад расид. 7 Тахти Ту, эй Худо, то абад аст; асои ростӣ асои малакути Туст. 8 Адолатро дӯст доштаӣ, ва аз шарорат нафрат дорӣ. Бинобар ин Туро Худо, Худои Ту, бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст. 9 Ҳамаи либосҳоят мисли мур ва уд ва дорчин аст; аз қасрҳои оҷ Туро бо созҳо хурсанд мекунанд. 10 Духтарони подшоҳон дар миёни азизони Ту ҳастанд; ба яминат малика дар тиллои Ӯфир истодааст. 11 Бишнав, эй духтар, ва бубин, ва гӯши худро дор, ва қавми худ ва хонаи падаратро фаромӯш кун. 12 Ва ҳангоме ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад, зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо. 13 Ва духтари Сӯр бо ҳадияҳо, ва сарватдорони қавм дидори туро хоҳанд талабид. 14 Тамоми ҷалоли духтари Подшоҳ дар андарун аст: либоси вай бо тилло мурассаъ аст; 15 Дар либоси пурнигор вай назди Подшоҳ бурда мешавад; аз ақиби вай бокираҳо, дугонаҳояш, равонанд, ки пеши Ту оварда шудаанд; 16 Бо шодӣ ва хурсандӣ бурда мешаванд, ба қасри Подшоҳ оварда мешаванд. 17 Дар ивази падаронат писаронат хоҳанд буд; онҳоро дар тамоми замин мир таъин хоҳӣ кард. 18 Номи Туро зикр хоҳам кард то абадуддаҳр; бинобар ин қавмҳо Туро ҳамд хоҳанд гуфт то абад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden