Забур 43 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ЧИЛУ СЕЮМ Бе мадади Худо ғалаба ба даст намеояд. 1 Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ. 2 Худоё, бо гӯшҳои худ шунидаем, ва падарони мо ба мо ҳикоят кардаанд дар бораи корномае ки дар айёми онҳо, дар айёми қадим ба амал овардаӣ. 3 Ту бо дасти Худ халқҳоро бадар рондаӣ, вале онҳоро нишондаӣ; қабилаҳоро шикаст додаӣ, вале онҳоро паҳн кардаӣ; 4 Зеро ки онҳо бо шамшери худ заминро мусаххар накардаанд, ва онҳоро бозуи онҳо наҷот надодааст, балки ямини Ту ва бозуи Ту ва нури рӯи Ту, зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту бар онҳо буд. 5 Ту подшоҳи ман ҳастӣ, эй Худо! Бар наҷоти Яъқуб амр фармо. 6 Бо мадади Ту адуёни худро шох хоҳем зад; бо исми Ту мухолифони худро поймол хоҳем кард; 7 Зеро ки ба камони худ таваккал нахоҳам кард, ва шамшерам маро наҷот нахохад дод; 8 Балки Ту моро аз адуёни мо наҷот додаӣ, ва бадхоҳони моро хиҷил кардаӣ. 9 Ҳар рӯз бо Худо фахр менамоем, ва исми Туро то абад ҳамд хоҳем гуфт. Село. 10 Аммо алҳол Ту моро партофтаӣ ва расво кардаӣ, ва бо лашкарҳои мо берун намеоӣ; 11 Моро пеши душман ақиб гардондаӣ, ва бадхоҳони мо барои худ тороҷ мекунанд. 12 Моро мисли гӯсфандон барои хӯрдан супурдаӣ, ва дар миёни халқҳо моро пароканда кардаӣ; 13 Қавми Худро ба баҳои ночизе фурӯхтаӣ, ва нархашонро зиёд накардаӣ. 14 Моро назди ҳамсоягони мо нангин кардаӣ, хандахариш ва ҳақир назди онҳое ки дар гирду пеши моянд. 15 Моро вирди забон дар миёни халқҳо, ҳадафи сарҷунбонӣ дар миёни қабилаҳо гардондаӣ. 16 Ҳар рӯз расвоии ман пеши назари ман аст, ва хиҷолат рӯи маро пӯшидааст 17 Аз овози дашномдиҳанда ва бӯҳтонгӯй, аз афту башараи душман ва интиқомҷӯй. 18 Ҳамаи ин ба сари мо омадааст, валекин мо Туро аз хотир набаровардаем, ва ба аҳди Ту хиёнат накардаем. 19 Дили мо ақиб нагашт, ва пойҳои мо аз роҳи Ту берун нарафт, 20 Вақте ки моро дар макони шағолон фурӯ нишондӣ ва бо зулмот моро пӯшондӣ. 21 Агар мо исми Худои худро аз хотир мебаровардем ва кафҳои худро сӯи худои бегона дароз мекардем, 22 Оё Худо инро таҳқиқ наменамуд? Зеро ки Ӯ асрори дилро медонад. 23 Лекин ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем. 24 Бархез! Чаро хобидаӣ, эй Худованд? Бедор шав, ба сурати абадӣ моро напартой! 25 Чаро рӯи Худро пинҳон доштаӣ, мусибат ва тангии моро фаромӯш кардаӣ? 26 Зеро ки ҷони мо ба хок яксон шудааст, ҷисми мо ба замин часпидааст. 27 Ба мадади мо бархез, ва моро ба хотири эҳсони Худ халосӣ деҳ. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden