Забур 41 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ЧИЛУ ЯКУМ Дуо дар бораи наҷот додани шахсе ки ба кишвари бегона ронда шудааст. 1 Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ. 2 Чунон ки оҳу иштиёқманди маҷроҳои об аст, ончунон ҷонам иштиёқманди Туст, эй Худо! 3 Ҷонам ташнаи Худост, ташнаи Худои Ҳай: кай омада, пеши Худо ҳозир мешавам? 4 Ашкҳоям рӯзу шаб нони ман буд, вақте ки ҳар рӯз ба ман мегуфтанд: «Худои ту куҷост?» 5 Инро ба хотир оварда, ҷонам андаруни ман ба ҳаяҷон меояд: ҳангоме ки бо ҷамоате гузар доштам, онҳоро оҳиста‐оҳиста сӯи хонаи Худо мебурдам, бо овози тараннум ва шукронаи оммае ки ид мекард. 6 Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд, барои наҷоте ки аз Ӯ хоҳам ёфт. 7 Эй Худои ман! Ҷонам андарунам маъюс шудааст, бинобар ин Туро аз замини Урдун ва аз Ҳермӯн, аз кӯҳи Мисъар ёд мекунам. 8 Варта вартаро бо овози шаршараҳои Ту даъват менамояд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузаштааст. 9 Рӯзона Худованд эҳсони Худро зоҳир хоҳад кард, ва шабона суруди Ӯ бо ман хоҳад буд, ки дуоест пеши Худои ҳаёти ман. 10 Ба Худое ки сахраи ман аст, мегӯям: Чаро маро фаромӯш кардаӣ? Чаро аз фишори душман малӯл шуда мегардам? 11 Хасмҳоям бо дашномҳои худ устухонҳои маро зарбаи марговар мезананд, вақте ки ҳар рӯз ба ман мегӯянд: «Худои ту куҷост?» 12 Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden