Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 40 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ЧИЛУМ Хушо касе ки ба бенавоён марҳамат менамояд.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

2 Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард.

3 Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд, ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд. Ва Ту ӯро ба дасти душманонаш нахоҳӣ супурд.

4 Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард. Тамоми вақти хобидани ӯ Ту дар бемории ӯ нигоҳубин хоҳӣ кард.

5 Ман гуфтам: «Худовандо! Ба ман марҳамат намо; ҷонамро шифо деҳ, зеро ки пеши Ту хато кардаам».

6 Душманонам дар ҳаққи ман суханони бад мегӯянд: «Ӯ кай мемирад, то ки номаш гум шавад?»

7 Ва агар касе ба иёдати ман биёяд, сухани дурӯғ мегӯяд; дили вай дар худ ғайбат ҷамъ мекунад, ва хамин ки берун рафт, ба гапу калоча шурӯъ менамояд.

8 Ҳамаи бадхоҳонам бо ҳамдигар дар ҳаққи ман пичир‐пичир мекунанд, бар зидди ман бадӣ меандешанд:

9 «Қабоҳате ба сари ӯ омадааст, ва акнун, ки ӯ хобидааст, дигар нахоҳад бархост».

10 Ҳатто касе ки бо ман дӯст буд, ва аз ӯ дилпур будам, ва ӯ нони маро мехӯрд, пошнаи худро бар ман баланд кардааст.

11 Валекин Ту, эй Худованд, ба ман марҳамат намо, маро ба по бархезон, то ки онҳоро сазо диҳам.

12 Аз ин хоҳам донист, ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ менамоӣ, зеро ки душманам бар ман тантана намекунад.

13 Ва маро, ба сабаби беайбии ман, дастгирӣ хоҳӣ кард, ва ба хузури Худ то абад қоим хоҳӣ дошт.

14 Муборак аст Худованд Худои Исроил аз азал то абад! Омин ва омин!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan