Забур 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ЧОРУМ Дуои шоми Довуд, ки пур аз имон ба мадади Худо мебошад. 1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Довуд. 2 Вақте ки Туро мехонам, маро иҷобат намо, эй Худои адли ман! Дар тангӣ маро вусъат додаӣ. Ба ман марҳамат намо ва дуоямро бишнав. 3 Эй фарзандони инсон! То ба кай ҷалолам дар нанг хоҳад буд? Ва гапҳои хушкухолиро дӯст дошта, толиби кизб хоҳед буд? Село. 4 Вале бидонед, ки Худованд порсоёнро барои Худ ҷудо кардааст; Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам. 5 Музтариб шуда, хато накунед: бар бистарҳои худ дар дилҳотон андеша кунед ва сокит бошед. Село. 6 Қурбониҳои адолатро тақдим намоед, ва ба Худованд таваккал кунед. 7 Бисьёр касон мегӯянд: «Кӣ ба мо некӯиро нишон медиҳад?» Нури рӯи Худро ба мо зоҳир намо, эй Худованд! 8 Ба дилам шодӣ бахшидаӣ аз он вақте ки ғаллаи онҳо ва оби ангури онҳо афзудааст. 9 Ба саломатӣ дароз мекашам ва хоб меравам, зеро ки танҳо Ту, эй Худованд, маро дар осудагӣ сокин мегардонӣ. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden