Забур 39 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ СИЮ НӮҲУМ Умедворони Худованд ҳамеша аз ҷониби Ӯ наҷот меёбанд. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. 2 Ба Худованд бисьёр умед бастам, ва Ӯ сӯи ман рӯ овард, ва истиғосаи маро шунид; 3 Ва маро аз чоҳи ҳалокат, аз ботлоқи пурлой берун овард, ва пойҳоямро бар сахрае гузошт, қадамҳоямро мустаҳкам гардонд. 4 Ва суруди наве дар даҳонам гузошт, — ҳамду санои Худои моро. Бисьёр касон инро дида, тарсон хоҳанд шуд, ва ба Худованд таваккал хоҳанд кард. 5 Хушо марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва ба мутакаббирон ва пайравони кизб рӯ намеоварад! 6 Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ, — кист, ки монанди Ту бошад! — мавъиза ва нақл хоҳам кард, аммо шумораи онҳо бениҳоят бисьёр аст. 7 Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ; гӯшҳои маро воз кардӣ; қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо талаб накардӣ. 8 Он гоҳ гуфтам: инак меоям; дар тӯмори китоб дар бораи ман навишта шудааст: 9 Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст. 10 Дар ҷамоати бузург аз адолат башорат додаам; инак, лабҳои худро нахоҳам баст: Худовандо, Ту медонӣ. 11 Адолати Туро андаруни дилам махфӣ надоштаам, вафо ва наҷоти Туро баён кардаам, эҳсон ва ростии Туро аз ҷамоати бузург пинҳон надоштаам. 12 Ту, эй Худованд, марҳаматҳои Худро аз ман боз надор; бигзор эҳсон ва ростии Ту ҳамеша маро нигаҳбонӣ кунад. 13 Зеро ки мусибатҳои бешумор маро иҳота намудааст; гуноҳҳоям маро мубтало кардааст, ба тавре ки қобили дидан нестам: онҳо аз мӯи сарам бисьёр аст, ва дилам маро тарк кардааст. 14 Худовандо! Таваҷҷӯҳ намуда, маро халосӣ деҳ; Худовандо! Ба мадади ман шитоб кун. 15 Бигзор онҳое ки толиби ҷони мананд, то онро ба ҳалокат расонанд, аз як сар хиҷил ва шарманда шаванд; бадхоҳонам қафо гарданд ва расво шаванд; 16 Онҳое ки ба ман «ҳай‐ҳай!» мегӯянд, ба сабаби шармандагии худ ҳайрон шаванд; 17 Ҳамаи толибони Ту дар Ту шодӣ ва хурсандӣ кунанд, ва дӯстдорони наҷоти Ту доимо гӯянд: «Афзун бод кибриёи Худованд!» 18 Валекин ман камбағал ва мискин ҳастам, ва Худованд ба ман ғамхорӣ мекунад; мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ. Эй Худои ман! Таъхир накун. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden