Забур 38 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ СИЮ ҲАШТУМ Сукути ҳалимона сабаби тавбаи гуноҳкор мешавад. 1 Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд. 2 Гуфтам: «Роҳҳои худро эҳтиёт хоҳам кард, то ки бо забонам хатое накунам; ба даҳонам тумшуқбанд хоҳам зад, то даме ки шарир дар рӯ ба рӯи ман аст». 3 Ман гунг ва хомӯш будам, аз некӣ низ лаб фурӯ бастам, ва дардам бадтар шуд. 4 Дилам андарунам аланга зад, дар фикрам оташ даргирифт, бо забони худ сухан гуфтам: 5 «Аҷаламро, эй Худованд, ба ман маълум кун, ва миқдори рӯзҳоямро, ки чист, то донам, ки кай фано мешавам. 6 Инак, рӯзҳои маро ба қадри ваҷабе додаӣ, ва умрам дар назари Ту ҳеҷ аст. Ба яқин ҳар одамӣ, ки мутакаббирона меистад, чизи бекор аст». Село. 7 Ба яқин одамизод мисли шабаҳе мегардад: бекора шӯру ғавғо менамояд, захира мекунад ва намедонад, ки он насиби кӣ мешавад. 8 Ва акнун, эй Худованд, ман чиро умедвор бошам? Умеди ман бар Туст. 9 Аз ҳамаи ҷиноятҳоям маро раҳоӣ деҳ, пеши нобакорон маро хиҷил накун. 10 Ман гунг шудаам, даҳонамро намекушоям; зеро ки Ту инро кардаӣ. 11 Офати Худро аз ман дур кун; аз зарбаи дасти Ту ман нобуд мешавам. 12 Агар одамизодро мувофиқи далелҳои гуноҳи вай ҷазо диҳӣ, зебоии вай, мисли он ки куя зада бошад, хароб хоҳад шуд. Ба яқин ҳар одамӣ чизи бекор аст! Село. 13 Дуои маро бишнав, эй Худованд, ва ба истиғосаи ман гӯш андоз; бар ашкҳоям сокит набош, зеро ки ман назди Ту ғарибам ва мисли ҳамаи падаронам муҳоҷирам. 14 Ғазаби Худро аз ман бигардон, то каме кушодарӯй гардам, пеш аз он ки биравам, ва дигар нахоҳам буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden