Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 37 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ СИЮ ҲАФТУМ Суруди тавбаи беморони сахт.

1 Таронаи Довуд. Барои ёдоварӣ.

2 Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун, ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ,

3 Зеро ки тирҳои Ту дар ман фурӯ рафтааст, ва дасти Ту бар ман фурӯд омадааст.

4 Дар ҷисмам аз ғазаби Ту ҷои сиҳате нест; дар устухонҳоям аз хатои худам саломатӣ нест,

5 Зеро ки гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст, мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст;

6 Аз боиси беақлии ман ҷароҳатҳоям бадбӯй шудааст, фасод кардааст.

7 Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;

8 Зеро ки суринҳоям пур аз варам аст, ва дар ҷисмам ҷои сиҳате нест.

9 Бағоят бемадор ва шалпар шудаам; аз дарди дили худ наъра мезанам.

10 Худовандо! Тамоми орзуям пеши назари Туст, ва оҳу фиғонам аз Ту пӯшида нест.

11 Дилам метапад; қувватам аз ман рафтааст, ва нури чашмонам низ бо ман нест.

12 Дӯстонам ва ёронам аз офати ман канор шудаанд, ва хешовандонам дур истодаанд.

13 Ва толибони ҷонам бар ман дом мегузоранд, ва бадхоҳонам суханони фитнаангез мегӯянд ва ҳар рӯз макрҳо меандешанд.

14 Валекин ман мисли кар намешунавам, ва мисли гунге ҳастам, ки даҳонашро намекушояд;

15 Ва монанди шахсе гардидаам, ки намешунавад, ва дар забонаш далеле нест.

16 Аммо ба Ту, эй Худованд, умед бастаам; Ту иҷобат намо, эй Худованд Худои ман.

17 Зеро ки гуфтаам: «Мабодо бар ман шодкомӣ ёбанд ва, агар пешпо хӯрам, бар ман такаббур кунанд».

18 Зеро ки ман ба афтодан наздик шудаам, ва дардам ҳамеша дар рӯ ба рӯи ман аст.

19 Зеро ки ба гуноҳи худ иқрорам, аз хатои худ ғамгинам.

20 Валекин душманонам зинда ва пурзӯранд, ва онҳое ки ноҳақ бадхоҳи мананд, бисьёранд;

21 Ва онҳое ки ба ивази некӣ бадӣ мекунанд, барои он ба ман адоват доранд, ки некиро пайравӣ менамоям.

22 Маро тарк накун, эй Худованд Худои ман! Аз ман дур набош;

23 Ба мадади ман шитоб кун, эй Худованд, эй наҷоти ман!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan