Забур 36 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ СИЮ ШАШУМ Умедворони Худованд ва ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, вале шарирон ва бадкешон маҳв хоҳанд шуд. 1 Таронаи Довуд. Ба бадкешон рашк накун, аз ноинсофон ҳасад набар, 2 Зеро ки онҳо мисли алаф ба зудӣ даравида хоҳанд шуд, ва мисли сабза пажмурда хоҳанд шуд. 3 Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун; дар замин сокин бош ва ростиро ҳифз намо. 4 Ва дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт, ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард. 5 Роҳи худро ба Худованд бисупор, ва ба Ӯ таваккал намо, ва Ӯ ба ҷо хоҳад овард, 6 Ва адолати туро мисли нур, ва инсофи туро мисли нимрӯз ба зуҳур хоҳад овард. 7 Пеши Худованд сокит бош ва ба Ӯ умед банд. Ба касе ки роҳаш барор ёфтааст, ба шахси дасисакор рашк накун. 8 Аз хашм даст бикаш, ва ғазабро тарк намо; рашк накун, ки ин боиси бадкорӣ хоҳад шуд, 9 Зеро ки бадкешон маҳв хоҳанд шуд, валекин умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд. 10 Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд; ба маконаш назар хоҳӣ андохт, ва ӯ нахоҳад буд. 11 Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисьёр лаззат хоҳанд бурд. 12 Шарир ба одил қасди бад мекунад, ва дандонҳои худро бар ӯ ғиҷиррос мезанонад; 13 Аммо Худованд ба ҳоли вай механдад, зеро мебинад, ки рӯзи вай меояд. 14 Шарирон шамшер бараҳна мекунанд ва камони худро мекашанд, то ки камбағал ва мискинро ғалтонанд ва ростравонро қатл кунанд. 15 Шамшери онҳо ба дили худашон фурӯ хоҳад рафт, ва камонҳои онҳо хоҳад шикаст. 16 Чизи ками одил беҳ аз сарвати шарирони бисьёр, 17 Зеро ки бозувони шарирон хоҳад шикаст, вале одилонро Худованд тақвият медиҳад. 18 Худованд рӯзҳои беайбонро медонад, ва мероси онҳо то абад хоҳад буд. 19 Дар вақти мусибат хиҷил нахоҳанд шуд, ва дар айёми қаҳтӣ сер хоҳанд буд, 20 Аммо шарирон нест хоҳанд шуд, ва душманони Худованд мисли шукӯҳи марғзорҳо фано хоҳанд шуд, мисли дуд фано хоҳанд шуд. 21 Шарир қарз мегирад ва адо намекунад, вале одил эҳсон мекунад ва медиҳад; 22 Зеро онҳое ки Ӯ муборак хондааст, вориси замин хоҳанд буд, вале онҳое ки Ӯ малъун хондааст, маҳв хоҳанд шуд. 23 Худованд қадамҳои мардро барқарор мекунад, ва ба роҳи вай таваҷҷӯҳ менамояд, 24 Ба тавре ки вай афтад ҳам, сахт афканда намешавад, зеро ки Худованд дасташро мегирад. 25 Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд: 26 Вай ҳар рӯз мебахшад ва қарз медиҳад, ва насли вай баракат хоҳанд ёфт. 27 Аз бадӣ дур шав ва некӣ бикун, ва то абад сукунат хоҳӣ кард, 28 Зеро ки Худованд инсофро дӯст медорад, ва порсоёни Худро тарк нахоҳад кард; онҳо то абад маҳфуз хоҳанд буд; ва насли шарирон маҳв хоҳанд шуд. 29 Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард. 30 Даҳони одил ҳикматро баён мекунад, ва забони ӯ инсофро ифода менамояд. 31 Шариати Худои ӯ дар дили ӯст; қадамҳояш суст нахоҳад шуд. 32 Шарир одилро поида мегардад, ва дар паи куштани ӯст; 33 Лекин Худованд ӯро ба дасти вай намесупорад, ва чун кораш ба мурофиа оид шавад, намегузорад, ки ӯро айбдор кунанд. 34 Ба Худованд умед банд ва тариқи Ӯро риоя намо; ва Ӯ туро баланд хоҳад кард, то ки вориси замин гардӣ; ҳангоми маҳв шудани шарирон инро хоҳӣ дид. 35 Шарири ситамгареро дидаам, ки мисли дарахти сершохаи сабзу хуррам дар як ҷо чуқур реша давонда буд; 36 Ва ӯ гузашта рафт, ва инак нест шудааст; ва ӯро ҷустуҷӯ кардам, ва ёфт нашуд. 37 Ба беайб назар андоз ва росткорро бубин, зеро ки оянда ба шахси сулҳҷӯ тааллуқ дорад, 38 Ва ҷинояткорон аз як сар маҳв хоҳанд шуд; фарҷоми шарирон нест шудан аст. 39 Наҷоти одилон аз Худованд аст; дар вақти тангӣ Ӯ истеҳкоми онҳост; 40 Ва Худованд ба онҳо мадад хоҳад кард ва онҳоро халосӣ хоҳад дод; онҳоро аз шарирон халосӣ хоҳад дод, ва онҳоро наҷот хоҳад бахшид, зеро ки онҳо ба Ӯ паноҳ мебаранд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden