Забур 35 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ СИЮ ПАНҶУМ Мадҳ дар шаъни марҳамати Худо. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи бандаи Худованд Довуд. 2 Маъсияти шарир андаруни дилам мегӯяд: «Тарси Худо дар пеши чашми вай нест»; 3 Зеро ки вай ба худаш дар назари худ тамаллуқ мегӯяд ва барои худ гуноҳе пайдо мекунад, то ки пур аз адоват гардад; 4 Суханони забонаш талбис ва макр аст; аз рафтори оқилона ва некӯкорӣ даст кашидааст; 5 Дар ҷогаҳи худ талбис мебофад, роҳи нодурустро пеш гирифтааст, аз бадӣ нафрат намекунад. 6 Худовандо! Эҳсони Ту то осмонҳост, садоқати Ту то афлок аст! 7 Адолати Ту мисли кӯҳҳои муаззам аст, довариҳои Ту вартаи бузург аст! Одамизод ва ҳайвонро Ту наҷот медиҳӣ, эй Худованд! 8 Чӣ арҷманд аст эҳсони Ту, эй Худо! Банӣ‐одам дар сояи болҳои Ту паноҳ меёбанд; 9 Аз равғани хонаи Ту сер мешаванд, ва аз наҳри шарбатҳои Худ онҳоро менӯшонӣ, 10 Зеро ки чашмаи ҳаёт бо Туст; дар нури Ту нурро мебинем. 11 Эҳсони Худро барои орифони Худ давом деҳ, ва адолати Худро барои ростдилон. 12 Бигзор пои ғурур бар ман наояд, ва дасти шарирон маро бадар наронад. 13 Дар он ҷо бадкирдорон афтодаанд, сарнагун шудаанд ва хеста наметавонанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden