Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 34 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ СИЮ ЧОРУМ Дуо дар бораи наҷот додан аз душманони шарир.

1 Таронаи Довуд. Ба мухолифонам, эй Худованд, мухолифат намо, ба ҷангҷӯёнам ҷанг кун;

2 Сипар ва ҷавшан бигир, ва ба мадади ман бархез;

3 Ва найзаро бикаш ва пеши роҳи таъқибкунандагони маро бигир; ба ҷонам бигӯй: «Ман наҷоти ту ҳастам!»

4 Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва расво шаванд; бадандешонам қафо гарданд ва шарманда шаванд;

5 Мисли коҳрезае пеши бод бошанд, ва фариштаи Худованд онҳоро биронад;

6 Роҳашон торик ва лағжонак бошад, ва фариштаи Худованд онҳоро таъқиб намояд,

7 Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд; онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд.

8 Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд, ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад; дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад.

9 Валекин ҷонам дар Худованд хурсандӣ хоҳад кард; дар наҷоти Ӯ шод хоҳам шуд.

10 Хамаи устухонҳоям мегӯяд: Худовандо! Кист монанди Ту, ки камбағалро аз каси пурзӯртар аз вай халос мекунӣ, ва камбағалу мискинро аз ғораткунандаи вай!

11 Шоҳидони бадкин бархостаанд: он чи намедонам, аз ман мепурсанд;

12 Ба ивази некӣ ба ман бадӣ мекунанд, ҷонамро гирифтори бекасӣ мегардонанд.

13 Валекин ман дар бемории онҳо палос мепӯшидам, ҷонамро бо рӯзадорӣ азоб медодам, аммо бигзор дуоям ба оғӯшам баргардад.

14 Мисли он ки дӯстам ё бародарам бошад, рафтор мекардам; мисли он ки барои модарам мотам гирифта бошам, ғамгин ва сархам будам.

15 Валекин вақте ки меафтодам, шодӣ мекарданд ва ҷамъ мешуданд; нокасоне бар зидди ман ҷамъ мешуданд, ки намешинохтам; маро дашном медоданд, ва бас намекарданд;

16 Бо масхарабозони риёкор дар ҳаққи ман дандонҳои худро ғиҷиррос мезанонданд.

17 Худовандо! То ба кай нигоҳ хоҳӣ кард? Ҷонамро аз ситамҳои онҳо, ягонаамро аз шерони ҷавон халос кун.

18 Туро дар ҷамоати бузург ҳамд хоҳам гуфт, дар миёни қавми азим Туро мадҳ хоҳам кард,

19 То онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд, бар ман шодкомӣ наёбанд, онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд, ба ҳамдигар чашмакӣ назананд;

20 Зеро ки на дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд, балки дар ҳаққи сулҳҷӯёни замин бӯҳтонҳои макромез мебофанд;

21 Ва даҳони худро ба ман воз карда, мегӯянд: «Ҳай‐ҳай, чашми мо дид!»

22 Инҳоро Ту, эй Худованд, дидаӣ, хомӯш набош. Худовандо! Аз ман дур набош.

23 Барои мурофиаи ман, барои даъвои ман аз хоб хез ва бедор шав, эй Худои ман ва Худованди ман!

24 Маро аз рӯи адолати Худ дар доварӣ ҳимоят намо, эй Худованд Худои ман, то ки бар ман шодкомӣ наёбанд,

25 Ва дар дили худ нагӯянд: «Ҳай‐ҳай, ҷони мо ҳузур кард!» Ва нагӯянд: «Ӯро фурӯ бурдем».

26 Бигзор онҳое ки дар мусибати ман шодӣ мекунанд, якҷоя шарманда ва расво шаванд, онҳое ки бар ман такаббур менамоянд, пероҳани хиҷолат дар бар кунанд.

27 Бигзор онҳое ки хоҳишманди ҳаққонияти мананд, шод ва хурсанд шаванд ва доимо гӯянд: «Афзун бод кибриёи Худованд, ки саломатии бандаи Худро хоҳон аст!»

28 Ва забонам адолати Туро ва ҳамду санои Туро ҳар рӯз баён хоҳад кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan