Забур 32 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ СИЮ ДУЮМ Мадҳ дар шаъни Худои Қодир. 1 Дар Худованд, эй одилон, тараннум намоед: ҳамду сано гуфтан росткоронро мезебад. 2 Худовандро бо барбат ҳамд гӯед, бо уди даҳтор Ӯро бисароед; 3 Суруди наве дар шаъни Ӯ бихонед; бо бонги шодӣ некӯ бинавозед; 4 Зеро ки каломи Худованд дуруст аст, ва тамоми аъмоли Ӯ ҳақ асту рост. 5 Ӯ адл ва инсофро дӯст медорад; ҷаҳон аз эҳсони Худованд пур аст. 6 Бо каломи Худованд осмонҳо офарида шудааст, ва бо дами даҳони Ӯ ҳамаи лашкарҳои онҳо. 7 Ӯ обҳои баҳрро мисли машке ҷамъ кардааст, вартаҳоро дар хазоин гузоштааст. 8 Бигзор тамоми аҳли замин аз Худо тарсон бошанд; ҳамаи сокинони дуньё аз Ӯ ҳаросон шаванд, 9 Зеро ки Ӯ гуфт, ва иҷро шуд; Ӯ амр кард, ва қоим гардид. 10 Худованд машварати халқҳоро ботил мекунад, ба андешаҳои қавмҳо монеъ мешавад. 11 Машварати Худованд қоим аст то абад, андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр. 12 Хушо халқе ки Худованд Худои вай аст, ва қавме ки Ӯ варо барои мероси Худ баргузидааст. 13 Аз осмон Худованд нигоҳ мекунад, тамоми банӣ‐одамро мебинад; 14 Аз нишемангоҳи Худ ба ҳамаи сокинони замин назар меандозад; 15 Дилҳои онҳоро танҳо Худаш ба вуҷуд овардааст, ва тамоми аъмолашонро мефаҳмад. 16 Подшоҳ бо сипоҳи бузург наҷот нахоҳад ёфт; паҳлавон бо қуввати бузург халос нахоҳад шуд. 17 Асп барои наҷот беэътимод аст, ва бо қуввати бузургаш халосӣ нахоҳад дод. 18 Инак, чашми Худованд бар тарсгорони Ӯст, бар онҳоест, ки ба эҳсони Ӯ умедворанд, 19 То ки ҷони онҳоро аз мурдан халос кунад, ва дар вақти қаҳтӣ онҳоро зинда мононад. 20 Ҷони мо ба Худованд умедвор аст: Ӯ мададгор ва сипари мост; 21 Дили мо дар Ӯ шодӣ мекунад, зеро ки ба исми қуддуси ӯ мо таваккал менамоем. 22 Эҳсони Ту, эй Худованд, бар мо бод, чунон ки мо ба Ту умед бастаем. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden