Забур 31 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ СИЮ ЯКУМ Хушбахтии гуноҳкоре ки тавба кардааст ва омурзида шудааст. 1 Суруди таълимии Довуд. Хушо касе ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст. 2 Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад, ва дар рӯҳи вай ҳилагарӣ нест. 3 Вақте ки хомӯш будам, устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсид, 4 Зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард; илики ман ба хушкии тобистон мубаддал шудааст. Село. 5 Хатоямро ба Ту маълум кардаам, ва гуноҳамро пинҳон надоштаам; гуфтам: «Ба ҷиноятҳоям пеши Худованд иқрор мешавам», ва Ту айби хатоямро афв кардаӣ. Село. 6 Бинобар ин ҳар порсо дар вақти иҷобат пеши Ту дуо хоҳад гуфт, ва дар он сурат ҷараёни обҳои бисьёр ба вай нахоҳад расид. 7 Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, маро аз тангӣ ҳифз мекунӣ, маро бо таронаҳои халосӣ иҳота менамоӣ. Село. 8 «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард: туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст. 9 Мисли асп, мисли хачир бефаҳм набошед, ки онҳоро сӯлуқ ва ҷилав мезананд, ки ин зинат барои нигоҳ доштани онҳост, вагар на наздики ту нахоҳанд омад». 10 Шарир ғаму ғуссаи зиёде дорад, аммо касе ки ба Худованд таваккал менамояд, эҳсон ӯро иҳота хоҳад кард. 11 Дар Худованд шодӣ ва хурсандӣ кунед, эй одилон! Ва тараннум намоед, эй ҳамаи ростдилон! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden