Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 30 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ СИЮМ Умедворони Худованд хиҷил намешаванд.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

2 Ба Ту, эй Худованд, паноҳ бурдаам, харгиз хиҷил нахоҳам шуд; аз рӯи адолати Худ маро раҳоӣ деҳ.

3 Гӯши Худро сӯи ман хам намо, ба зудӣ маро халосӣ деҳ. Барои ман кӯҳпораи қавӣ ва хонаи паноҳ бош, то ки маро наҷот диҳӣ,

4 Зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ; ва ба хотири исми Худ маро ҳодӣ ва роҳнамо бош.

5 Маро аз доме ки барои ман пинҳон кардаанд, берун ор, зеро ки Ту истеҳкоми ман ҳастӣ.

6 Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам; Ту, эй Худованд, эй Худои ростӣ, маро раҳоӣ додаӣ.

7 Аз пайравони бутҳои бекора нафрат дорам; ва ман ба Худованд таваккал мекунам.

8 Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам, чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ,

9 Ва маро ба дасти душман насупурдаӣ, пойҳоямро дар вусъатобод истонидаӣ.

10 Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ба танг омадаам; чашмам аз кулфат хаста шудааст, ҷонам ва ҷисмам низ.

11 Зеро ки ҳаётам аз андӯҳ ва солҳоям аз оҳу фиғон адо шудааст; аз гуноҳи ман қувватам заиф ва устухонҳоям хушк шудааст.

12 Аз дасти ҳамаи хасмҳои худ барои ҳамсояҳоям хеле нангин ва барои ошноҳоям воҳиманок гардидаам: ҳар кӣ маро дар кӯча бинад, аз ман мегурезад.

13 Монанди мурда аз дилҳо фаромӯш шудаам; мисли зарфи шикастае гардидаам,

14 Зеро ки маломати касони бисьёрро мешунавам; дар гирду пешам даҳшат аст, чунки онҳо бар зидди ман маслиҳатро ба як ҷо мемонанд: ба фикри гирифтани ҷонам афтодаанд.

15 Валекин ман ба Ту, эй Худованд, таваккал мекунам; ман мегӯям: Худои ман Ту ҳастӣ.

16 Тақдири ман дар дасти Туст; маро аз дасти душманонам ва таъқибкунандагонам халосӣ деҳ.

17 Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо, бо эҳсони Худ маро наҷот деҳ.

18 Худовандо! Ман хиҷил нахоҳам шуд, чунки Туро хондаам; лекин шарирон хиҷил хоҳанд шуд, дар дӯзах лаб фурӯ хоҳанд баст.

19 Забонҳои дурӯғгӯй лол хоҳанд шуд, ки бо ғурур ва тамасхур дар ҳаққи одил бадгӯӣ мекунанд.

20 Чӣ қадар фаровон аст меҳрубонии Ту, ки барои тарсгорони Худ нигоҳ доштаӣ ва барои паноҳбарони Худ пеши назари банӣ‐одам ба амал овардаӣ:

21 Онҳоро дар паноҳи рӯи Худ аз дасисаҳои мардум пинҳон медорӣ; онҳоро аз муноқишаи забонҳо дар хайма руст мекунӣ.

22 Муборак аст Худованд, ки эҳсони аҷоиби Худро дар шаҳри муҳосирашуда ба ман зоҳир кард!

23 Валекин ман дар маъюсии худ гуфтам, ки аз назари Ту рад шудаам; аммо, вақте ки сӯи Ту истиғоса бурдам, овози зориҳоямро шунидӣ.

24 Худовандро дӯст доред, эй ҳамаи порсоёни Ӯ! Аминонро Худованд ҳифз менамояд, ва мағруронро сазои барзиёд медиҳад.

25 Матин бошед, ва дилатон қавӣ хоҳад шуд, эй ҳамаи умедворони Худованд!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan